Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

55.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос

Ҳукмронии нимасраи Анушервони Одил. 1

Барои чӣ мардуми Форс Хусрави Аввалро «Анушервони Одил» меномиданд?

Хусрави I фаъолияти худро дар Шарқ аз илму маърифат оғоз намуда, қаламрави империяи Форсро ба маркази ҳакимони ҷаҳон табдил дод. Агар Дорои номвар дар асри V пеш аз милод адолати иҷтимоиро ба воситаи системаи давлатдории оқилонаи сатрап ҷорӣ карда бошад, пас Хусрави Аввал онро дар асоси ақлу хирад ва кирдору рафтори ориёна ба по монд.

«Маънои Аношак — руван Анушервон аст, мегӯяд муҳаққиқи рус А.Е.Кримский, онро ҳамчун рӯҳи муқаддас (яъне абадзинда) тарҷума кардан мумкин аст, лақаби дигари Додгар — бо забони арабӣ ал-одил — Адолатхоҳ мебошад».

Чун соли 531 Анушервони Одил вориси мероси падар гардид, хазинаро холӣ, иқтидори давлатро хароб, аҳволи халқикро табоҳу залил дарёфт. Аз як тараф, ҷангҳои дарози берунӣ, аз тарафи дигар бесарусомониҳое, ки маздакиён ба сари мардум оварданд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ халқро бенавою абгор карданд.

Анушервони Одил ба зудӣ нақшаеро, ки дар замони Қубоди Аввал дар бораи андози замин тарҳрезӣ намуда, вале ба сомон нарасонида буданд, ҷорӣ кард. Кормандони давлатиро, ки ба ғорати халқу давлат машғул буданд, як идда қарорҳо ва чораҳо ҷуста, дасти онҳоро кӯтоҳ кард. Ва ба зудӣ барои пур кардани хазинаи давлат шароит фароҳам овард. Системаи андозе, ки Анушервони Одил ҷорӣ кард, системаи оқилона буд. Оқилона будани ин системаро, — мегӯяд Кримский, мо дуртар аз арабҳои истилогаргаҳ фаҳмидем, ки чӣ тавр онҳо дар баробари ба вуҷуд омадани дини Ислом ин системаро ҷорӣ карданд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ даромади давлати Сосониён дар соли 607-уми милодӣ 600 миллион дирамро ташкил намуд. Бесабаб нест, ки халифаҳои араб фармон доданд, ки ба зудӣ китоби Сосониёнро дар бораи андоз ба забони арабӣ тарҷума кунанд. Ин корҳоро Анушервони Одил барои

1 Иброҳим Умарзода. Таърихи тамаддуни Ориён. Ҷ. 1, 2. — Душанбе, 2006, с. 466 – 480.

пешина
аз 463
навбатӣ