Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ишқу ҳавасмандиву табааи мамлакаташ ва инкишофи савдою саноат кард. «Ва саноати Фарс дар ин давра мӯъҷизаҳо мекард. Матои гаронбаҳои форсӣ, (шоҳӣ, парча, ва т.), қолинҳои машҳур, ба монандӣ силоҳ ва асбобу анҷоми гаронбаҳо ҳайрати юнониҳоро ва баъд Форсро забт карда гирифтани арабҳо, ҳайрати арабҳоро ҳам ба вуҷуд меоварданд, зеро арабҳо баъди забт кардани Форс ва асоси хилофатро гузоштан, аз маданияти саноатии Форс ба ваҷд омада буданд. Ва мо масалан мебинем, ки халиф Мӯътамид (869-892) фармон медиҳад, ки бароиш мадҳ бо тарзи форсӣ қолини зарбофӣ дӯзанд.

Анушервони одил ба сохтмонҳои азим, барқарор намудани корезҳои нав, сарбандҳо, пулҳо ва ғ. эътибори калон дод. Дар натиҷа, бунёди қасру кохҳои пурҳашамат, тамоман аз нав сохтани пойтахти форсҳо дар назди дарёи Даҷла, шаҳри Мадоин, ки дар он замон арабҳо ин шаҳрро «Беҳтарин шаҳри ҷаҳон»
меномиданд. Аҳволи халқ ҳам беҳтар гардид, зеро мардум ба шарофати бунёдкорӣ аҳволи иҷтимоии худро беҳтар намуданд. Халқ аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин гардид, аксарияти кулл, ки ҳанӯз дар замони тӯрониёни қадим, дар Осиёи Миёна дар саромои дай дар шаҳрҳо зиста, баҳорон ба работҳои худ кӯчида мерафтанд ва ба бунёди боғу токдорӣ машғул мешуданд....

А.Е.Кримский дар маърӯзаш худ мегӯяд: «Сиёсати дохилии кӯҳнапарастона албатта, ба устувор шудани мақоми аристократия дар давлат мусоидат накарда наметавонист. Аммо шахсияти Хусрави аввал Анушервон ба дараҷае пуртаъсир буд, ки ӯ метавонист, ки ашрофзодагононро наранҷонида, дар зери таъсири худ мустаҳкам нигоҳ дорад»....

Аҳли дини насронии қаламрави Сосониён бештар суриягӣ буданд. Чӣ адабиёти суриягӣ ва чӣ илми онҳо на фақат ба адабиёти динӣ — фалсафаи юнонӣ такя мекард, балки таъкид ҳам менамуд. Аз ин рӯ, ватани илму фалсафаи Юнон дар замони Анушервони Одил давлати Форс гардид.

Ба дарбори Сосониён дар аҳди Анушервони Одил ҳазорон олиму файласуф, уламову рӯҳонӣ ҷамъ омаданд. Ба ҳамаи онҳо шоҳ бо самимият ва эҳтироми хоса муносибат мекард....

Хонандаи азиз! Бояд қайд кард, ки оид ба зиндагиномаи Анушервони Одил гуфтору андешаҳои хирадмандонаи хештаншиносии роҳбарӣ хеле зиёд ҳастанд.
Ва мо боварӣ дорем, ки Шумо онҳоро пайдо намуда, бо саргузашти таърихии

пешина
аз 463
навбатӣ