Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
56.1. Инсон ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисодию
иҷтимоии хештаншиносӣ дар менеджмент
Хонандаи азиз, шумо аллакай боварӣ ҳосил намудед, ки ташаккули роҳбарӣ бевосита ба муҳити ҷомеа-коллектив вобастагии калон дошта, менеҷмент дар ҳамон мамолике самараноқ кору фаъолият менамояд, ки рушди босуботи башарӣ таъмин бошад. Чунин тафаккуро аксари олимону донишмандон ва ташкилотҳои байналхалқӣ, махсусан, ТММ (ПРООН) пурра тарафдорӣ менамоянд. Барномаи инкишофи ТММ (ПРООН) аз аввали солҳои 90 — уми асри гузашта шурӯъ карда, ҳисоботи махсус оид ба инкишофи башарии аксари давлатҳои дунё аз чоп мебарояд, аз он ҷумла барои Тоҷикистон низ чунин ҳисобот навишта мешавад, ки банда яке аз муаллифони он мебошам.
Мазмуни асосии ин ҳисоботи муҳими байналхалқӣ, ки бо чандин забонҳои дунё аз чоп мебарояд, бурдани тадқиқоти илмӣ ва исботи он аст, ки имрӯз дараҷаи некуаҳволии мардум аз рӯи зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти умумӣ ва афзоиши хизматрасониҳо ба ҳар як сари аҳолӣ инъикоси пурраи он набуда, нишондиҳандаи иқтисодӣ ҳамаи паҳлӯҳои инкишофи башариро ба пуррагӣ дар бар гирифта наметавонад. Бинобар ин, нишондиҳандаҳои маълумотнокӣ, дарозумрӣ, имкони истифодаи захираҳо ва саломатӣ, ҳосилнокии меҳнат индекси инкишофи башарӣ ҳисоб карда мешаванд, ки асосан самаранокии фаъолияти менеҷментро таъмин менамояд.
Дар ин мавзӯи китоб мо оид ба мақоми рушди босуботи башарӣ дар ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ сухан гуфта, алоқамандии ин ду нишондиҳандаи фаъоли инкишофро таҳлили назариявӣ карда, роҳҳои таъмини онро дар менеджмент асоснок менамоем.
Қобили қайд аст, ки оид ба мақоми инсон дар иқтисодиёт ҳанӯз дар замони худ бузургони миллати тоҷик ва олимону хирадмандони дигар миллатҳо хеле кушоду равшан ва ҳаматарафа гуфта гузаштаанд, ки мо бахше аз онҳоро дар китоби 3 - 4-уми менеҷмент овардаем.
Асосгузори назарияи классикии иқтисодӣ А.Смит менависад, ки инсон на фақат сарчашмаи бойгарӣ, балки қисми таркибии бойгарии ҷомеа мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо