Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Намояндаи дигари назарияшиноси иқтисодӣ А.Маршалл ақидаҳои зиёди илмиро оид ба мақоми инсон дар иқтисодиёт пешниҳод карда, алоқамандии бевоситаи сармоядориро бо инкишофи башарӣ исбот намудааст.

Ӯ чунин менависад: «Истеҳсолоти моддӣ — ин танҳо воситаи нигоҳдории ҳаёти инсонӣ, қонеъгардонии талаботҳо ва қувваи ҷисмонӣ, ақлонӣ ва маънавии он мебошад. Аммо инсон — воситаи асосии истеҳсолкунандаи ин боигарӣ буда, мақсади ниҳоии боигарӣ намебошад». (Маршалл, [1983: с.246). Намояндаи дигари мактаби назарияи иқтисодӣ Д.М.Кейнс низ инкишофи башариро яке аз шартҳои муҳими инкишофи иқтисодӣ меномад.

Бояд қайд кард, ки то солҳои наздик дар фаҳмиши илмҳои иқтисодӣ диққати асосӣ ба ҷараёнҳои сармояи моддӣ дода мешуд. Сарватгунунии моддӣ ва молу ашё ҳамчун омили асосии инкишоф баҳо дода шуда, мақоми олии омили инсонӣ аз мадди назар дур монда буд. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар тафаккури аксари роҳбарони менеҷменти корхонаҳои Тоҷикистон ин фаҳмиш боқӣ мондааст. Мафҳумҳои «сармояи башарӣ», «инкишофи башарӣ», «сармояи зеҳнӣ», «инкишофи маънавӣ», «индекси инкишофи башарӣ» ва чанде дигар мафҳумҳо дар адабиёти ғарбӣ ва амрикоӣ агар аввали солҳои 60 — уми асри ХХ- ум ба майдон омада бошад, дар адабиёти иқтисодии тоҷик дар солҳои 90-ум пайдо шуд.

Сармояи башариро олими амрикоӣ Т.Шулс чунин шарҳ медиҳад: «Ин кулли донишҳо ва ҳунарҳои инсон мебошад, ки ҳамчун восита ва предмети истеҳсолот солҳои тӯлонӣ баромад мекунад».

Ҷудо кардани омили «сармояи башарӣ» имкон медиҳад, ки сарчашмаи муҳими инкишофи иқтисодиро, яъне дониш ва ҳунармандӣ ё худ барои баҳои дурусти истеҳсолӣ додани маълумотнокӣ, илм ва тандурустӣ, ки пеш ҳамчун омили истеъмоли ҳисоб карда мешуд, пайдо намоем. Сармояи башарӣ низ мисли дигар сармояҳо ба истифодабарии захираҳо ва хароҷотҳо вобастагӣ дорад. Мувофиқи назарияи сармоя он бояд ҳатман боздеҳ дошта бошад. Дар зиндагонӣ ва талаботҳои инсонӣ низ метавонад равандҳои гуногуни молиягузорӣ мавҷуд бошад, аммо аз нигоҳи молиягузории менеҷмент, равона сохтани сармоя маҳз барои инкишофи қобилият ва ҳунармандӣ (кордонӣ) инсон хеле самаранок буда, садҳо маротиба имкони рӯйпӯш кардани хароҷотҳоро дорад.

пешина
аз 463
навбатӣ