Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ин ҷараёни инкишоф, албатта, аз оила сурат гирифта, боғча, мактаби миёна ва олӣ, корхона ва таҷрибаи ҳаётиро (ҷомеа) пурра дар бар гирифта, барои инкишофи рӯҳию зеҳнӣ ва ҷисмонии инсон замина мегузорад.
Маълумотнокиро ҳамчун омили баландбардории ҳосилнокии меҳнат дар иқтисодиёт баҳо додан, чунин мазмун дорад, ки соҳибкорону роҳбарони бахшҳои гуногуни менеджмент пайваста баҳри баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва такмили маълумотнокии кормандон бояд бикӯшанд. Аз ин хотир, омӯзиш барои ҳар як фарди соҳибақл бояд аз рӯи қоидаи «Аз гаҳвора то гӯр»-ро дар бар гирифта, бефосила бошад. Ин қоида, аллакай, дар мамолики тараққикардаи дунё Амрико, Ҷопон, Олмон ва дигарон мақоми асосӣ гирифта, аз рӯи баъзе маълумотҳо зиёда аз 55% ҷавонони аз 17 то 23 сола ва дар Ҷопон 60% маълумоти олӣ мегиранд, ки ояндаи пешвоии ин мамоликро таъмин хоҳад кард.
Дар муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ низ дар солҳои охир раванди алоҳидаи ҳамкорӣ ба хотири таъмини инкишофи захираҳои башарӣ ташкил карда шудааст, ки аз рӯи қоидаҳои «сармояи башарӣ» амал намуда, ба баландбардории иқтидори зеҳнии инсон дар инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидааст. Бинобар ин, масоили инкишофи башарӣ масоили байналхалқии демографӣ, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, маводи ғизоӣ, манзил, муҳити зист, маълумотнокӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мебошад.
Мутаассифона, ҳанӯз ин масоил дар адабиётҳои имрӯзаи олимони
иқтисодшиноси миллати тоҷик, фаҳмишу кору фаъолияти падару модарон ва
роҳбарони зинаҳои гуногуни идоравӣ мақоми худро наёфтааст. Ба инсон ҳамчун
сарчашмаи қувваи кории ҷисмонӣ баҳо дода, ба раванди маънавии он нигоҳи
дуюмдараҷа доранд. Ҳол он ки дар мамолики тараққикардаи дунё ин масоил
характери умумиҷомеавӣ гирифта, имрӯз «таъмини инкишофи башарӣ» масоили
аввалиндараҷаи ҳамаи аъзоёни ҷамъият гаштааст. Чуноне ки дар мавзӯи гузашта
қайд намудем, амалигардонии метатехнология ва беҳтарин навовариҳо дар
менеҷмент фақат дар асоси таъмини инкишофи башарӣ нишонагирӣ ва
самаранокии баланди иқтисодӣ пайваста нигоҳ дошта мешавад. Аз рӯи ҳисоби
Ю.А. Василчук, ҳатто 10 сол пеш арзиши мошинаю таҷҳизотҳо ба ҳар як
нафари дар истеҳсолот банд буда дар ШМА 15-16 ҳазор долларро ташкил

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо