Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ҳамин тариқ, талаботи менеҷмент, ки пештар ба ин масоил диққати махсус медоданд, боз васеътару мустаҳкамтар гардидааст. Акнун сармояи башариро на инкишофи маънавӣ, балки инкишофи башариро ҳамчун сарчашма ва қувваи асосии инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ баҳо дода, инсон ҳамчун омил иқтидори доимии инкишоф қабул шудааст. Ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ низ дар асоси чунин концепсияи инкишоф қабул гардида, пешвой амалигардонии қобилияти зеҳнии башарӣ мебошад.
Дар ҳақиқат, дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодии Тоҷикистон амалӣ гардонидани ин арзишҳои баланд каме мушкилӣ дорад, вале мо боварии қатъӣ дорем, ки маҳз ҳамин роҳ метавонад моро ба қуллаҳои баланди инкишоф расонад ва устувории иқтисодию иҷтимоиро таъмин созад. Камбизоатии моддии мардуми тоҷик, агар як тарафи масоил бошад, қашшоқии маънавӣ ва сатҳи пасти инкишофи башарӣ дар Тоҷикистон, масоили мушкилу мураккабе мебошад, ки метавонад садди роҳи инкишофи мамлакат дар ояндаи наздик гардад.
Бинобар ин, имрӯз моро шарт ва зарур мебошад, ки сари ин масоили муҳими инсонӣ андеша намоем, тадқиқот барем, асарҳо эҷод кунем ва мавқеи худро муайян созем.
Аз рӯи ақидаи аксари донишмандони тоҷик ва дигар файласуфони бузурги классикӣ «боигарӣ он нест, ки мо моли бисёр истеҳсол намоем, балки муҳим он аст, ки мо ба кадом зинаи инкишофи маънавӣ мерасем». Бинобар ин, имрӯзҳо дар байни олимону донишмандони соҳаҳои гуногуни илмӣ оид ба зарурат доштан ва ё надоштани инкишофи бемайлони иқтисодӣ баҳсҳои зиёде рафта истодааст, ки аксар ҷавоб медиҳанд: агар инкишофи иқтисодӣ зинаи баланди инкишофи маданӣ ва моддии аҳолиро таъмин сохта тавонад. Оиди таъмини инкишофи маданӣ дар менеҷмент ва роҳҳои амалӣ гардонидани он, мо дар мавзӯи гузашта пурра гуфта гузаштаем.
Ба инобатгирии иқтидори инкишофи башарӣ дар иқтисодиёт, ҳанӯз дар
нимаи 2-юми солҳои 70-уми асри гузашта, диққати аксари олимон ва
роҳбарони ширкатҳои азими саноатии пешқадами дунёро ба худ ҷалб намуда
буд. Менеҷерони ширкатҳои азими байналхалқӣ вобаста аз васеъшавии
имконоташон муайян карданд, ки инкишофи башарӣ имкони баланди ба вуҷуд
овардани афзоиши иқтисодиро дорад, ба шарте ки мо «имконот»-и онҳоро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо