Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

диҳед намоем. Аз дигар тараф, мақсади асосии истеҳсолот ва менеҷменти корхона ин фақат истеҳсоли зиёди мол набуда, балки васеъгардонии имкони фаъолмония одамон оиди интихоби озоду васеи кору фаъолият мебошад, чунки имконот ва интихоб бо ҳам зич алоқаманд буда, агар аввала озодӣ бошад, пас дуюмин инкишоф аст. Ҳар қадар мо ба одамон имконоти озоди интихоби кору фаъолият диҳем, ҳамон қадар онҳо инкишофёбиашонро таъмин сохта, манфиатнокнии худро ба ҷамъият садҳо маротиба баланд мебардоранд. Моликияти зеҳнӣ имкону қобилияти истеҳсоли миқдори молеро пайдо менамояд, ки инсон ба воситаи қувваи ҷисмонӣ дар садсолаҳо ба вуҷуд оварда наметавонад. Сармоягузории ин соҳа гарчанде мӯҳлати дарозтарро талаб намояд ҳам, боздеҳи он садҳо маротиба зиёд мебошад.

То солҳои охир истеҳсоли МММ ба ҳар сари аҳолӣ нишондиҳандаи асосии инкишоф ба ҳисоб рафта, сатҳи зиндагонии аҳолӣ аз рӯи он баҳо дода мешуд. Имрӯзҳо ин нишондиҳанда, аллакай, манфиати худро гум карда истодааст. Шояд дар ташаккули МММ 50-60% корхонаҳои хориҷӣ ва коргарони дигар мамолик кору фаъолият карда, аҳолии маҳаллӣ тамоман кам иштирок дошта, қашшоқ бошанд. Пас, ин нишонаи инкишофи иқтисодии некуаҳволии халқ шуда наметавонад. Умуман, баъди аз ҷониби ташкилоти байналхалқӣ барои мамолики дунё ҷорӣ гардидани нишондиҳандаи умумии «Индекси инкишофи башарӣ» (ИИБ) нишондиҳандаи МММ ба ҳар як сари аҳолӣ моҳияти иқтисодии хешро аз даст доданд.

Таркиби ИИБ чор унсури асосиро дар бар мегирад: имконоти давомнокии
умр ҳангоми таваллуд; дараҷаи маълумотнокии аҳолии ба балоғатрасида; ҳиссаи
умумии талабагон ва донишҷӯён дар мактабҳо ва даромади воқеии аҳолӣ, аз рӯи
қобилияти харидориашон. Яке аз унсурҳои дигари ИИБ истеҳсоли МММ ба
ҳар як сари аҳолӣ мебошад. Аммо дар ин ҷо даромад ба ҳар сари аҳолӣ на чун
унсури беҳтаршавии некуаҳволӣ, балки ҳамчун унсури васеъшавии имконоти
одамон баҳо дода мешавад. Ин нуқтаи муҳими тафаккур оид ба инкишофи
иқтидори башарӣ мебошад. Баъзе мамолики дунё новобаста ба МММ ба ҳар
сари аҳолӣ аз рӯи нишондиҳандаи ИИБ хеле паст мебошад. Масалан, Кувейт
агар ҷои 5-умро аз рӯи нишондиҳандаи аввал гирад, аз рӯи нишондиҳандаи
ИИБ дар ҷои 35-ум меистад, яъне 30 нуқта поён меравад аз рӯи

пешина
аз 463
навбатӣ