Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нишондиҳандаи инкишофи башарӣ. Дар ҷаҳон чунин давлатҳо зиёда аз 20 адад мебошанд. Пас, бо боварӣ метавон гуфт, ки даромади баланд ба ҳар сари аҳолӣ нишондиҳандаи баланди инкишофи башарӣ шуда наметавонад. Аз ин хотир, дар оянда мо бояд илова ба ин нишондиҳандаи иқтисодӣ боз нишондиҳандаҳои дигари сифатиро муайян созем, ки воқеияти рушдро нишон диҳанд. Нишондиҳандаи дигар метавонад тақсимоти даромад ва ё дараҷаи нобаробарии ҷомеа ва нобаробарии гендерӣ, таъмини шуғли аҳолии қобилияти корӣ ва ғ. бошад.
Илҷунин, вобаста аз ҷойгиршавии аҳолӣ ва мавқеи географию иқтисодӣ ва экологӣ муайян намудани дараҷаи инкишофи башарӣ, рушди босубот ва ғ.

Вобаста аз гуфтаҳои боло, имрӯз вақти он расидааст, ки мо фаҳмиши худро оид ба нишондиҳандаҳо ва фаҳмиши қашшоқӣ умуман дигар созем. Агар аз рӯи нишондиҳандаҳои пеши назар баҳогузорӣ намоем, ин норасоии ғизо ва сатҳи пасти даромад ба сари аҳолист. Аммо ТММ аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ карда, нишондиҳандаи камбизоатӣ ва қашшоқиро аз рӯи маълумотҳои зерин баҳогузорӣ намудааст, ки мо низ онро қабул дорем:

  1. Аз рӯи маълумотнокӣ ва имкони донишандӯзӣ доштан.
  2. Таъминоти кифояи ғизо вобаста ба синну сол ва сохтори ғизо.
  3. Имкони таваллудро доштани занҳои синну соли қобили таваллуд.
  4. Ҳолати хуби муҳити зист ва манзилдорӣ.
  5. Ҳуқуқи озодии зиндагӣ ва шурӯъ.

Муайян кардани нишондиҳандаҳо аз рӯи ин омилҳо дар муддати 3-5 сол имкон медиҳад, ки мавқеи давлатҳо ва халқу миллатҳо дар инкишофи башарӣ муайян карда шавад ва вобаста аз он шарту талаботҳои навинро ҳам барои ҳокимияти давлатӣ ва ҳам барои менеҷмент пешниҳод намоем. Ба ин васила, мо метавонем индекси камбизоатиро аз рӯи имконот (ИКИ) муайян сохта, хулосабарорӣ кунем ва муроҷиат ба ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба кӯмакҳои беғаразона ва ё дастгирии молиявӣ намоем.

Низоят, зинаи пасти инкишофи башарӣ қашшоқӣ мебошад, ки ТММ (ПРООН) тахминан охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта муайян кардани ин нишондиҳандаро низ мувофиқи мақсад шуморидааст. Нишондиҳандаи қашшоқии башариро (НҚБ) метавонем аз рӯи панҷ нишондиҳанда муайян созем:

пешина
аз 463
навбатӣ