Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
- Оиладор ва соҳиби фарзандон шудан.
-
- Ватан доштан ва дар Ватан будан.
Ба даст овардани ин панҷ орзуи муҳими инкишоф имконоти инсонро барои дар муҳити солими экологӣ зиндагӣ кардан, озодона кору фаъолият доштан ва ҳимояи озодию ҳуқуқи худ ба вуҷуд меоранд, ки инро дар менеджмент «худэҳтиромӣ» меноманд.
- Ватан доштан ва дар Ватан будан.
Дар зинае, ки инсон дар ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд, омили асосии афзоиши даромадаш ҳамон имконот мебошад, ки ба даст оварда буд. Дарки баланди нозуқиҳои фаъолият ва касби худ аллакай имкони зиёдтар ба даст овардани даромадро дошта, ҷомеа шуморо эътироф менамояд ва меҳнататон характери ҷамъиятӣ гирифта, ба баҳо ва арзиши баланд сазовор мегардад. Аз тарафи дигар, инкишофи башарӣ, ки мақсади асосии «Зиндагонии хуб» мебошад, масоили камбизоатиро якбора ҳаллу фасл намуда, оромии ҷомеаро таъмин месозад. Вазифаи асосии менеджмент низ дар навбати аввал нигоҳдории муҳити хуби рӯҳии корӣ ва маданияти баланди истеҳсолӣ мебошад, ки фақат кормандони дорои дониши мукаммали тахассусӣ ва ба зинаи баланди маъзнавӣ расида метавонанд чунин сифатро доро бошанд.
Раванди концептуалии инкишофи иқтисодии давраҳои гуногуни таърихии инсонӣ, аз он ҷумла замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, ки барои ҳарчӣ зиёд кардани маҳсулот буд, имрӯз мазмуни иқтисодии худро гум кардааст. Аксари мамолики дунё аз ин қоида даст кашидаанд ва ҳар як роҳбар бояд дарк кунад, ки асоси боигарии миллӣ ва боигарии менеджмент одамон мебошанд.
Аз ин хотир, нишонагирӣ ба инкишофи башарӣ, дар ҳар як фаъолият мувофиқи мақсад буда, самаранокии менеджмент ва давлатро таъмин месозад. Яъне «афзоиши даромад ба хотири инкишофи башарӣ» бояд шиори фаъолияти ҳар як роҳбар дар замони навини менеджмент гардад.
Бо андешаи мо концепсияи рушди босуботи башарӣ дар менеджмент метавонад панҷ роҳи мувофиқакунии алоқамандии инкишофи иқтисодӣ ва башариро дар бар гирад:
- Молиягузории инкишофи инноватсионӣ ва моликияти зеҳнӣ дар менеджменти эволютсионӣ. Ин раванди концептуалии имкон медиҳад, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо