Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қоидаи инкишофро аз рӯи «тадқиқот-истеҳсолот» ба роҳ монда, қобилияти зеҳнии кормандонро баланд бардоранд.

  1. Таъмини одилонаи тақсимоти даромад ва фонди корхона бо роҳи амалигардонии ҳавасмандии инкишофи кормандон ва дастгирии эҷодкорию навоварӣ дар менеҷмент. Ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои таъмини пурраи моддии инкишофи иқтидори иноватсионии кормандон ва сармояи зеҳнӣ.

  2. Ташкили мувозинати инкишофи иқтисодию иҷтимоии менеҷмент ва инкишофи маданияти баланди иҷтимоию истеҳсолии корхона.

  3. Таъмини интихоби озоди иқтисодию сиёсии кормандон, демократикунонии ҷараёни роҳбарӣ дар менеҷмент. Дастгирии болоравӣ ва вазифагирии кормандон бо роҳи гузаронидани тести санҷиши дониши касбӣ ва интихоби озоди болоравии вазифавӣ.

  4. Мақсадгузории истеҳсолии таъминкунандаи инкишофи маданӣ ва иноватсионии кормандон ва мотиватсияи роҳбарӣ. Ташкили масъулиятнокии фардӣ дар менеҷмент.

Ин роҳҳоро метавон ҳамчун беҳтаркунии имконоти башарӣ ва қобилияти ба мақсадрасӣ дар менеҷменти муосир муаррифӣ намуд. Аз тарафи дигар, ташаккули қобилияти одамон ба он вобаста аст, ки худи онҳо имконоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию экологиро чӣ тавр ба мақсади инкишофи хеш истифода мебаранд. Барои ин, ҳар як фард низ бояд дар зиндагонии худ мақсади олиро мувофиқи қоидаи «дастовардҳои иқтисодӣ ба мақсади инкишофи маънавӣ» сармашқи кори худ карда, инкишофи худро таъмин созад.

Имконоти башарӣ ва қобилияти зеҳнии ҳар як корманд дар менеҷмент аз фаъолияти воқеии ӯ фарқ мекунад, чунки дар ташкили фаъолияти менеҷмент мо на ҳама вақт шароити амалигардонии қобилиятро пурра муҳайё карда метавонем. Пас, имконот ва қобилият характери озодии фаъолиятро дошта, роҳбари хештаншинос ин озодиро дар фаъолияти менеҷмент бояд пурра таъмин сохта тавонад. Ташкили дурусти алоқамандии ин ҷараён бояд раванди дигари концепсияи инкишофи башарӣ дар менеҷмент гардида, паҳлӯҳои гуногуни он баҳо дода шаванд. Аз тарафи дигар, гарчанде озодии фаъолият дар навбати аввал инкишофи иқтисодиро таъмин карда наметавонад, аммо дар зинан

пешина
аз 463
навбатӣ