Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
қувваи корӣ мушоҳида мешавад. Махсусан, вазъият дар менеҷменти кишоварзии Тоҷикистон хеле мураккабу мушкил буда, бевосита даҳолати давлатиро талаб менамояд, чунки ин соҳаи як замон даромадноки Тоҷикистон новобаста аз бартариятҳои табиию географиаш имрӯз ба як соҳаи хеле қафомонда табдил ёфта, мутахассисони ояндадору кордон менеҷменти корхонаҳои кишоварзии мамлакатро тарк кардаанд.
-
Аз масоили банди 4-ум айён мегардад, ки шуғли аҳолӣ боз ба сохтор, дараҷаи инкишоф ва хусусияти хоси соҳаҳои иқтисодӣ зич пайваст буда, ҳар як корманд пеш аз ҳама, бо андешаи имконоти амалигардонии қобилияташ ин ё он соҳаи фаъолиятро интихоб менамояд. Бинобар ин, мо имрӯзҳо ҳолатҳои зиёдеро мебинем, ки аксари кормандони соҳаҳои гуногуни идорӣ ва ҳатто кормандони қаторӣ аз рӯи ихтисоси худ, ки солҳои тӯлонӣ таҳсил карда, касб омӯхтаанд, кор накарда, худро ба соҳаҳои дигар бо роҳи хешутаборию ҷӯрабозӣ ворид сохтаанд. Ин, албатта, ба самаранокии кори менеҷмент таъсири манфӣ расонида, на фақат садди роҳи инкишофи худи роҳбар, балки инкишофи мутахассисони қобилиятноки менеҷменти тоҷик гардида, ҳолати бӯҳронии иқтисодиётро ба миён овардаанд. Масалан, шахсе ки панҷ - шаш сол бо ихтисоси «БАЙТОР» таҳсил кардааст ва бояд фақат бо ҳайвонот сару кор дошта бошад, чӣ тавр метавонад роҳбари ташкилоте бошад, ки умуман ба соҳаи чорводорӣ алоқамандӣ надорад. Мутаассифона, дар корхонаҳои Тоҷикистон чунин ҳолатҳо то ҳанӯз назаррас мебошанд, ки ин ба талаботи менеҷменти муосир мувофиқ набуда, як қатор мушкилиҳоро пеш оварда, садди роҳи инкишофи башарии мутахассисон гардидааст.
-
Ташкили ҷои кори нав дар менеҷменти замонавӣ бояд фақат дар асоси дастовардҳои илмию технологии пешқадами ҷаҳонӣ сурат гиранд. Амалигардонии ин раванд пеш аз ҳама ба он вобаста мебошад, ки дар мамлакат оид ба илму маорифи чӣ тавр муносибат ва молиягузории дастовардҳои навин амалӣ шудаанд. Албатта, менеҷменти кам корхонаҳо имкони таъмини тайёр кардани мутахассисини худро дар хориҷи мамлакат доранд. Бинобар ин, маҷбур мешаванд, ки кормандони ҷавонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо