Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баъди хатми донишгоҳҳои дохилии мамлакат ба кор қабул намоянд. Ҳангоме ки онҳо имкони интихоб надоранд, дар ин нуқта низ камбудиҳо ва мушкилиҳои зиёди инкишофи босуботи башарӣ ба миён омада, фаъолияти менеҷменти корхонаро коста мегардонад.

  1. Ҳамин тариқ, нишонагирӣ ба кормандони сифати пасти касбӣ дошта боз ба монеаҳои зиёди субъективӣ ва объективии инкишоф оварда мерасонад, ки ин ба талаботи менеҷменти муосир ва рушди босуботи башарӣ дар менеҷмент хос намебошад.

Пас, оиди мушкилиҳои алоқамандии рушди иқтисодӣ, шуғл ва инкишофи босуботи башарӣ сухан гуфта, мо ба нишондиҳандаи дигар рӯ ба рӯ мегардем, ки он низ барои менеҷмент зарур буда, назорат ва баинобатгирии он дар роҳбарӣ хеле муҳим аст. Ин ҳам бошад, афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва суръати афзоиши аҳолӣ мебошад. Мувофиқи ақидаи аксари олимони бахши иқтисодӣ баробари ба андозаи 1% афзудани аҳолӣ бояд ҳосилнокии меҳнат то 3 – 3,5% баланд гардад. Танҳо дар он қолаб талаботи афзоиши аҳолиро ҳангоми доимӣ будани нархи мол ва беқурбшавии пул метавон таъмин кард, яъне бозори талаботу таклифоти қувваи меҳнатӣ бояд нуқтаи миёна ва ёзандагии худро новобаста ба омилҳои дигари таъсиррасони бозор нигоҳ дорад. Албатта, чунин назоратро менеҷменти корхонаҳо бевосита ба танзим дароварда наметавонанд, вале бо роҳи пешниҳоду дархостҳои хеш ба мақомоти қонунбарор, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё бевосита муқаррар намудани талаботҳои хеш оиди ба кор қабул намудани кормандон метавонанд ба тартиб оранд. Мисол, ҳангоми зиёд намудани музди меҳнат, додани иловапулиҳо, таъмин бо манзили истиқоматӣ ё ба вазифаи баландтар пешниҳод намудан дар корхона ба инобат гирифтани аҳли оила ва фарзандон. Ё баръакс, дар мамолике ки афзоиши аҳолӣ баланд аст, барои кам кардани суръати афзоиш меъёрҳо муқаррар намудан мумкин аст. Чунин меъёри банизомдоринии афзоиши аҳолӣ ба менеҷменти муосири корхонаҳои давлатии Чин хос мебошад.

Масоили дигари муҳими инкишофи иқтисодӣ ва рушди босуботи башарӣ мушкилоти гендерӣ мебошад. Албатта, дар мамолики гуногуни дунё иштироки зан дар корҳои роҳбарикунанда ва умуман, дар фаъолияти менеҷменти корхона, талаботҳои хоси худро дорад. Хислатҳои занон дар роҳбарӣ боз нозукиҳо ва

пешина
аз 463
навбатӣ