Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
баланди касбӣ бохабар намоянд. Маълумотнокӣ дар навбати худ мавқеи ояндаи ҷавононро дар ҷомеа муайян месозад. Дар давоми маълумотгирӣ ҷавонон ва шахсони ба омӯзиш машғул буда, ба худ боз сармояи нави зеҳнӣ пайдо карда, ақидаю эҷодкориҳои навинро барои рушди иқтисодӣ ва хештаншиносӣ равона месозанд. Аксари олимон оид ба маълумотнокӣ тадқиқот бурда, ба чунин хулоса омадаанд, ки зинаи маълумотнокӣ ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ, аз он ҷумла ба саломатӣ, фаъолнокии сиёсӣ ва ҳатто ба интихоб ва маданияти хӯрокхӯрӣ, қабул ва коркарди ахбор таъсири бениҳоят калон мерасонад. Аз тарафи дигар, маълумотнокӣ имкони истифодаи донишҳои навинро дар оила, тарбияи кӯдак ва интихоби ҷои зисту муносибат ба табиат ва истифодабарии сарватҳои табиӣ дар маҷмӯъ беҳтар сохта, пастшавии сатҳи фавти кӯдак ва саломатии хубу дарозумриро таъмин менамояд. Инчунин, инсони соҳибмаълумот дар интихоби касб ва мақсадгузории фаъолиятҳо бартарии калон дошта, аз ҳар гуна фаъолияти номатлуби инсонӣ, аз қабили истифодаи маводи мухаддир, майпарастӣ, дуздию ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мекашад. Аз ин хотир, дар баробари баландравии маълумотнокии одамон, низоми ҷамъиятӣ беҳтар гашта, имкони «Зиндагонии хуб» барои шахсони бомаълумот муҳайё мегардад. Илму техника тараққӣ карда, самаранокии баланди меҳнати башарӣ дар менеҷмент таъмин шуда, такрористеҳсоли иқтидори меҳнатӣ афзун мегардад.
Вазифаи муҳиме, ки дар айни замон муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва донишкадаҳо иҷро мекунанд, кор карда баромадани донишҳои навини замонавӣ мебошад. Ин донишҳо барои ҳарчи самараноктар истифодабарии захираҳо дар менеҷмент ва амалигардонии сармояи иноватсионии башарӣ мусоидат менамоянд. Имрӯзҳо тадқиқоти илмӣ баҳри ҷустуҷӯи кашфиётҳои навин, яке аз соҳаҳои баландмуъҷиди менеҷменти ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, роҳбарони ширкатҳои азими байналхалқӣ дар соҳаи илму технологияи навин молиягузории зиёде равона мекунанд, чуноне ки мо дар мавзӯи гузашта оид ба он гуфта гузаштаем. Сарчашмаи нигоҳдории ҳукмронӣ дар менеҷмент донишмандӣ буда, пешвоии соҳа устувории ҳокимиятро нигоҳ медорад.
Конференсияҳои байналхалқие, ки дар мамолики дунё оид ба масоили «Маълумот барои ҳамагон» дар зинаҳои гуногун сурат мегирад, аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумонокии баланди башариро тарафдорӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо