Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

намуда, дар тамоми кору фаъолиятҳо, ҳамкориҳои байналхалқӣ, ёриҳои башардӯстона ва интегратсияи иқтисодию сиёсӣ, дараҷаи маълумотнокро аз ҳама муҳим мешуморанд.

Аз ин хотир, дар назария ташаккули сармояи башариро ҳамчун раванди асосии фаъолияти менеҷмент баҳогузорӣ намуда, бояд чунин муҳити маданию иҷтимоиеро ташкил созем, ки истифодабарии дастовардҳои иноватсионӣ ва вобаста аз ин ҳосилнокии баланди афзоишёбандаро таъмин карда тавонанд. Ин, дар навбати худ даромаднокии корхонаҳоро муҳайё месозад ва дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ мавқеи баландро соҳиб гашта, ҳаҷми онро зиёд менамояд.

Аксари олимону донишмандони соҳаи менеҷмент дар он ақидаанд, ки аз се ду ҳиссаи афзоиши даромади миллӣ ба донишмандию қобилияти ақлонии роҳбарому кормандони соҳаҳои гуногуни идоравӣ вобастааст. Аз рӯи нишондиҳандаи баҳодиҳии Бонки ҷаҳонӣ бошад, ҳиссаи сармояи моддӣ ҳамагӣ 16% боигариро ташкил медиҳаду халос, қариб 20% сармояи табиӣ ва боқимонда 64% - боигариро сармояи маълумотнокии ҷомеа ташкил медиҳанд.

Бартариятнокии иқтидори маълумотнокии башариро мо дар таҷрибаи фаъолияти менеҷменти корхонаҳои бузурги байналхалқӣ мебинем, ки моли онҳо дар тамоми ҷаҳон харидори худро ёфта, дар якчанд давлат корхонаҳои худро доранд ва солҳои зиёде дар ҷаҳони иқтисодию сиёсӣ пешво мебошанд. Мисол, барои Ҷопон, Олмон, Шветсия 80% сармоя ба сармояи ақлонӣ рост меояд. Мутахассисони баланди касбие дар менеҷменти корхонаҳо кору фаъолият доранд, ки ҳосилнокии меҳнаташон ҳазорҳо маротиба аз корманди оддӣ фарқ дошта, фонди тиллоии менеҷменти муосири ин мамлакатҳоро ташкил медиҳанд. Мо оиди ин гуна кормандон ва музди баланди онҳо дар китоби 2-юми менеҷмент васеъ гуфта гузаштаем. Аз тарафи дигар, мисоли равшани онро мо дар шартномаҳои бозингарони дастаҳои футболи ҷаҳонӣ ва дигар намуди варзиш мебинем, ки дар як сол ташкилотҳо ва ё менеҷменти дастаҳои дигар барои як бозингар то 30 – 40 миллион доллари амрикӣ медиҳанд.

Ҳамин тариқ, навъи концептуалии сармояи маълумотнокии башарӣ имкон медиҳад, ки менеҷмент боз аз дастовардҳои экзогенӣ самаранок истифода карда, суръати афзоиши маълумотнокиро дар фаъолияти худ баланд бардорад.

пешина
аз 463
навбатӣ