Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданДар давлатҳои пешқадами дунё ширкатҳои азими суғуртаи нафақа амал мекунанд, ки вазифаҳои зерини инкишофи башариро таъмин месозанд:
- Ҳимоя аз қашшоқӣ ҳангоми пиронсолӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маъюбӣ ва гум кардани шахси сарпараст.
- Таъмини даромади кафолатнок, ки ба андозаи музди меҳнат ва собиқаи суғуртавӣ вобастагӣ дорад.
- Таъмини талаботи зиндагии миёнаи нафақахӯр ва мувофиқакунонӣ ҳангоми беқурбшавии пул дар мамлакат.
- Таъмини адолати иҷтимоии калонсолон ва ҷавононе, ки қобилияти меҳнатӣ дошта, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ кору фаъолият менамоянд.
- Таъмини рушди касбии кормандон. Вобаста аз вазифадории роҳбарӣ корманд дар пиронсолӣ нафақаи баландро соҳиб мегардад, ки ин ҳавасмандии фардии роҳбарро барои вазифадории баланд афзун мегардонад.
Дар менеҷменти корхона функцияи нафақаро дар рушди босуботи башарӣ чунин баҳогузорӣ намудан мумкин аст:
- Таъмини даромади фонди нафақа ва некуаҳволии кормандони пиронсол дар айёми кор ва баъди фаъолияти корӣ.
- Баланд гаштани имконоти интихоби кормандон оид ба хароҷотҳои ҷории истеъмолӣ ва таъминоти пиронсолӣ.
- Имкони интихоби шакли нафақа бевосита ба ихтиёри худи корманд гузошта шуда, ӯ мувофиқ ба он андоз месупорад.
- Таъмини рушди босуботи башарии тамоми аҳолии мамлакат, аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии молиявии менеҷмент ба фондҳои нафақавии мамлакат.
- Кӯмаку дастгирии кӯдакону бенавоёну ноқисақлон ва дигар дармондагони ҷамъият, бо роҳи бевосита дастгирӣ ва кам кардани сатҳи мушкилии иҷтимоии онҳо.
Бояд гуфт, ки синну соли нафақаи пиронсолӣ вобаста аз давомнокии умри одамӣ ва мушкилии кору фаъолият дар мамолики дунё гуногун мебошад. То солҳои наздик дар аксари мамолики дунё, мардҳо аз синни 60-солагӣ ва боло ва занҳо аз синни 55-солагӣ ва боло ба нафақаи пиронсолӣ гусел карда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо