Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мешуданд. Ҳоло дар Тоҷикистон тибқи қонунҳои мавҷуда мардон аз сини 63 солагӣ ва занҳо аз синну соли 58 солагӣ ба нафақаи пиронсолӣ гусел карда мешаванд. Шумораи нафақахӯрон аз рӯи ҳама гуна намудҳои нафақа қариб 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин 10,2% аҳолиро дар бар мегирад. Идомаи фаъолияти меҳнатӣ баъди расидан ба синну соли нафақа боз ба ихтиёри шахси нафақахӯр вогузошта мешавад. Дар баъзе мамолики тараққикардаи дунё бо сабаби кам шудани таваллуд ва нарасидани мутахассисон мӯҳлати нафақаи пиронсолӣ то 65 - 68 дароз карда шудааст, ки ин ба нишони пиршавии аҳолӣ ва зиёдшавии нафақахӯрон оварда истодааст. Ин дар навбати худ, ба инкишофи башарӣ як қатор нуқсон дорад:

  1. Зиёдшавии пиронсолон дар ҷомеа ба зиёдшавии ҳиссаи фавти одамон оварда мерасонад, ки дар маҷмӯъ камшавии шумораи афзоиши табиии одамон дар ин ва ё он мамолики дунё мебошад.

  2. Афзоиши хароҷотҳои нафақа ва дигар хароҷотҳои иҷтимоию тандурустӣ ва варақаҳои корношоямӣ.

  3. Афзоиши андозҳо аз музди меҳнат ва барои суғуртаи иҷтимоии маҷбурӣ.

  4. Пастшавии ҳосилнокии меҳнат ва сустшавии рушди босуботи иқтисодии корхонаҳо ва умуман, камшавии ММҶ дар мамлакат.

  5. Иҷро нашудани ӯҳдадориҳои нафақавӣ аз ҳисоби корхонаҳо ва давлат.

Ҳамин тариқ, таъмини нафақа низ қисми таркибии хештаншиносии роҳбарӣ, аз он ҷумла, барои таъмини устувори такрористеҳсоли қувваи меҳнатӣ, нигоҳдории солимии кормандон ва таъмини иҷтимоии онҳо, рушди босуботи кормандон ҳангоми нафақа вазифаҳои муҳими роҳбарӣ буда, барои пайваста нигоҳ доштани кормандони касбӣ таъсири мусбӣ мерасонанд. Кормандон оид ба фондҳои нафақавии корхона маълумот пайдо карда, хоҳиши то охири умр дар ҳамин корхонае, ки менеҷмент маблағи баланди нафақаро кафолат медиҳад, фаъолона меҳнат намоянд.

пешина
аз 463
навбатӣ