Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
самаранок қобилияти ақлонии одамон инкишоф ёфта, ҷамоати солиме пайдо мегардад, ки барои одаму олам хизматҳои нек боқӣ мегузорад. Ҷамоатеро ба роҳи некӣ ҳидоят карда тавонистан низ нишонаи хештаншиносии сарварӣ буда, озод будани фикрронӣ ва рафтори онҳо аз ҳар гуна ҳадафҳои мардумозорӣ ва бадбинию ҷангу куштор, роҳи асосии расидан ба хештаншиносӣ мебошад. Дар ҳақиқат, сарвари хештаншинос бевосита барои рафтори кормандони хеш ва атрофиён ҷавобгар буда, таъмини пайвастаи муҳити солим, яке аз вазифаҳои муқаддаси ӯ ба шумори меравад. Дили ӯ бояд аз ҳар гуна кинаю адоват пок буда, саршори меҳру муҳаббати илоҳӣ қарор гирад. Даъвати дигарон низ ба ин ҳадафи хештаншиносӣ фаъолияти ҳарсоатаи сарвар бояд қарор дошта бошад. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос дар интихоби корманди хеш ва ҳамнишину ҳамсӯҳбат эҳтиёткору бодиққат бошад. Ӯро зарур аст, ки аз нопокӣ парҳезкор бошаду аз назди хеш кормандону шахсони бадхоҳу дилсиёҳу нопокро дур созад, чунки мутаассифона дар ҷомеаи инсонӣ ин гуна ашхос кам нестанд. Дар хештаншиносии роҳбарӣ таъкид карда мешавад, ки худро доимо ба шахсоне наздик созед, ки дар роҳи ҳақ буда, аз ҳар гуна кори носавоб дар каноранд. Барои одат сохтани худ сарвари хештаншинос доимо зери лаб фикру ақидаҳо, ҳадисҳо ва гуфтаҳои пайғамбарону донишмандон, олимону сарварони бузургро, ки мо бахше аз онҳоро дар китоби 4-уми хеш овардаем, зери лаб ва дар дил такрору ба такрор хонда кору фаъолият менамоянд.
Сарвари хештаншинос хирадномаҳо ва ҳадису маснавӣ, ғазалу рисолаҳо ва гуфтаҳои китобҳои муқаддаси Илоҳӣ, пайғамбарон, донишмандон, олимону сарваронро бояд аз ёд донад ва ба зердастон дар баромадҳои расмию ғайрирасмӣ гуфта тавонад. Сухани бузургу пурмантиқу ҳалиму зебо донистан низ нишони расидан ба хештаншиносии сарварӣ буда, таъсири сухани неку воло чандкарата баланд ва иҷрошаванда мебошад. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос доимо бояд бикӯшад, ки сухани баланду пурмазмун бигӯяд. Бояд гуфт, ки маҳз миллати тоҷик бо ин нишони пурқимати хештаншиносии хеш, аз дигар халқу миллатҳо фарқ карда, дар санъати волои сухан ҳамто надорад. Мисолҳои зиёде оид ба гуфторҳои бузургони миллати тоҷик дар ҷавҳари роҳбариро мо дар қисми 3-4-уми китобҳо овардаем. Аз Шумо, хонандаи азиз, хоҳиш дорем, ки назаре ба ин гуфтаҳо дошта бошед, то аз ин ганҷинаи бебаҳо баҳраманд гардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё