Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
56.5. Рушди босуботи башарӣ ва омили экологӣ дар хештаншиносии роҳбарӣ
Очеркҳои таърихии давлатдорӣ ва таърихи роҳбарии ҷаҳониён, аз он ҷумла миллати тоҷик, ки мо дар боби 43-юми ҳамин китоб овардаем, гувоҳи он мебошанд, ки инсоният дар ҳама давру замон, фаъолияти худро пайваста бо муҳити зист ва омилҳои экологӣ мувофиқ кунонида кору зиндагӣ намудаанд. Мувофиқи ақидаи шоир, мутафаккир, табиб ва файласуфи бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, барои одамоне ки ҷои доимии зисти худро интихоб менамоянд, донистани тозагии боду ҳаво, вазидани бод, таркиби хок, олами растанию ҳайвонот шарти зарурии солимӣ буда, сохтани хона, дару тиреза ва деворҳои он бояд ба ин омилҳои табиӣ мувофиқат дошта бошанд.
Бо эътибор нагирифтани омили иҷтимоию экологӣ дар рушди босуботи иқтисодии менеджмент ва истеҳсоли бемайлони молҳо бо усули кимиёвӣ ва зиёдшавии партовҳои саноатӣ хатари калони пастшавии ҳосилнокии меҳнат, бадшавии ҳолати саломатии одамон ва ҳатто, афзоиши сатҳи фавти одамонро дар тамоми курраи замин овардааст. Аз ин хотир, мо зарур шуморидем, ки дар ин мавзӯъ алоқамандии инкишофи башарӣ ва омили экологиро дар фаъолияти менеджменти корхона баён намоем.
Масоили экологие, ки имрӯзҳо дар аксари мамолики ҷаҳон пайдо гаштааст, норасоии фаҳмишу дониш ва хештаншиносии роҳбарӣ ба шумор рафта, нигоҳ надоштани мувозинати омили «башарӣ — табиат — сармояи моддӣ» мебошад. Чунин масоили муҳими иқтисодиро ҷараёни роҳбарии солҳои 70 — уми асри гузашта ба майдон оварданд, ки акнун табиат имкони худбарқароршавиро аз даст дод. Дар натиҷа, ғунҷоиши экологии минтақаҳои алоҳидаи мамолики аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда, аз меъёр чандин карат зиёд шуда, ба ҳолати садамавӣ дучор гаштанд.
Шакли имрӯзаи инкишофи экологии иқтисодиро ҳамчун шакли техногенӣ баҳо дода, чунин хусусияти онҳоро қайд кардан мумкин аст.
- Суръати баланди истеҳсоли канданиҳои фоиданоки тамомшаванда, махсусан, нефт, газ ва дигар маъданҳои табиӣ дар ҷаҳон, ки боиси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо