Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
57.1. Мақсадҳои стратегии таълимию тарбиявии
хештаншиносӣ дар оила ва мактабҳои касбӣ
Кӯдакӣ олами зеботарини инсонӣ буда, натиҷагирӣ ва тақдири ояндаи ҳар яки мо ба тарбияе вобастагӣ дорад, ки мо аз ин айём шурӯъ карда ба худ мегирем. Тарбия ба дӯстдорӣ, меҳнат, донишмандӣ, меҳрубонӣ, ростию ҳақиқатпарастӣ, тозагию зебоӣ, покию ҳалолӣ — равандҳои асосии ин таълимот буда, дар оянда ҳамчун омили хештаншиносӣ ба одамон хизмат мерасонад.
Падару модаре, ки ин мафҳумҳоро дарк ва фарзандашонро дар ин роҳ тарбия менамоянд, сарчашмаи хушбахтиро дарёфта, зиндагии онро зебо мегардонанд. Дар ҳақиқат, фарзанди нек доштан ҳам боигарӣ ва ҳам хушбахтӣ мебошад. Ва аз тарафи дигар, падару модаре, ки ба тарбияи фарзанд эътибор намедиҳанд, ӯ бо роҳи бад рафта, бедониш мемонад, ба сари худ бадбахтӣ меорад. Аз ин хотир, ҳар як фарди хештаншинос бояд донад, ки дар назди фарзанд барои додани тарбияи хуб вазифадор аст.
Ҳар як роҳбари хештаншинос барои тарбияи кормандони хеш, атрофиён ва умуман, ҷомеа қарздор мебошад. Пас, маълум мегардад, ки тарбия дар ҳамаи зинаҳои идоравӣ қисми пайваста ва масъулиятноки фаъолияти ҳар як роҳбари хештаншинос ба ҳисоб рафта, бояд яке аз нишонаҳои олии ташаккули менеҷменти тоҷик дар оянда гардад. Аз ин бармеояд, ки тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ доимо дар ташаккул қарор гирифта, решаҳои пурқуввати ӯ аз оила, аз рӯзи ба дунё омадани тифл ба сабзиш шурӯъ намояд.
Чуноне ки дар қисмҳои пешинаи китобамон қайд кардем, ҳар як инсон дорои давраҳои махсуси ҳаётии худ мебошад ва вобаста аз ин бояд зинаҳои муайяни тарбияро соҳиб гардад. Агар дар зинае дар инкишофи ӯ монеае ба миён ояд, дар зинаи дигар ӯро мушкилӣ пеш омада, мафҳуму моҳияти он зинаро на дуруст дарк намекунад ва бе инкишоф ба зинаи дигар расида, оқибат вақтро аз даст дода, бетарбия мемонад. Аз тарафи дигар, ҳар як давраи ҳаёт ба худ муҳити махсуси ҷамъиятӣ ва табииро доро мебошад, ки мо бояд аз он баҳра бурда, онро омӯзем, дарк намоем, ҳаловат ва бо мақсади зиндагонии хуби хеш истифода бубарем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо