Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Падару модари ҳирадманд оиди хусусияти хоси рӯҳию ҷисмонии фарзандони хеш бохабар буда, ҳанӯз аз хурдӣ нақшаи стратегии тарбияи фарзандонро вобаста ба қобилияти зеҳнии онҳо тартиб дода, доимо онро назорат мекунанд ва ташаккул медиҳанд. Мувофиқи маълумотҳои рӯҳшиносон кӯдак ҳанӯз аз синни 6 - 7 солагӣ аллакай ба дониш ва меҳнат кардан қобилият пайдо карда, омода аст, ки онро қабул намояд. То ин синну сол ҳар як падару модар бояд фарзандро ба он омода созанд, яъне аз рӯзи таваллуд ба ӯ изҳори меҳру муҳаббат, дӯстдории бепоён, муҳит ва шароити хуби зиндагӣ ташкил намоянд.
Олимон исбот намудаанд, ки ягон маводи ғизоӣ шири модарро иваз карда наметавонад, чунки модар вобаста ба ҳар як соату рӯзи инкишофи фарзанд дар таркиби шири худ чӣ ҳосил карда, ба ӯ медиҳад, ба ғайр аз Худованди яккаву меҳрубон ҳанӯз касе намедонад. Пас, макондани бевоситаи шири модар талаботи аввалини тарбия буда, ҳатман бояд риоя карда шавад.
Албатта, барои иҷрои чунин вазифаи муҳим, модару падар бояд ба тавлиди фарзанд тайёр бошанд. Чуноне ки мо дар китоби 4-уми хеш қайд намудем, пеш аз оиладоршавӣ омили синну солӣ ва хешу таборию дигар муаммоҳои моддӣ ҳатман бояд ба инобат гирифта шаванд. Падару модари донишманд метавонанд бо роҳҳои гуногун ба дили кӯдак роҳ ёфта, нисбат ба ӯ меҳрубон бошанд ва дар дили ӯ меҳрубонию дӯстдорӣ, эҳтирому боварӣ ҷой диҳанд.
Нуқтаи дигари муҳими тарбия ин боварӣ буда, аз рӯзи ин оламро дарк кардани кӯдак мо бояд дар дили нозуки ӯ боварии қавиро ҷой намоем. Аввалан, боварӣ ба Худои яккаву ягонаи меҳрубон ва дини мубини ислом, боварӣ ба падару модар, боварӣ ба қувваи ақлонии худи фарзанд, боварӣ ба зиндагии хуб, некию накӯкорӣ, боварӣ ба илму дониш, роҳбарон, одамон ва умуман, муҳити атрофу ҳаракати чархи фалак.
Мутафаккирони бузург оиди ин масоил мефармоянд, ки барои тарбияи дуруст ҳатман мо барои фарзанди худ момодоя ва устоди донишмандро пайдо намоем, чуноне ки дар замони худ Арасту ва чанде дигар донишмандон аз ҷумлаи устодони лашкаркаши бузург Искандари Зулқайнар буданд.
Муносибати баланди тарбиявие, ки дар рафтори Луқмони Ҳаким ба назар мерасад, ҳатто намозашонро ба хотири ором доштани кӯдак мебуриданд. Ё худ кӯдакро дар кӯча медиданд, ҳатман ӯро падарвор бӯса мекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо