Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки падару модар новобаста аз вазифаи роҳбарӣ, бояд аз тарбияи кӯдак даст накашанд ва худ бевосита дар тарбияи фарзанд саҳмгузор бошанд. Ҳангоми пайдо кардани лаҳзае фориғ аз кор, бо ӯ меҳрубонӣ ва хурсандию шодӣ намояд.
Яке аз вазифаҳои муҳими тарбиявии падару модар нисбат ба фарзанд он аст, ки онҳо чунин муҳити рӯҳиеро пайдо созанд, то кӯдак ба қувваи ақлонӣ ва ҷисмонии хеш боварӣ пайдо кунад ва ба оянда бо назару умеди нек нигоҳ дошта бошад.
Дилсӯзию меҳрубонӣ қисми муҳими тарбияи кӯдак буда, падару модар вазифадоранд, ки аз кӯдакӣ фарзандро ба тамоми атрофиён, ба бародару хоҳар, хешу табор, ба ҳамсояву халқу миллат ҳалиму меҳрубону дӯстдор тарбия намоянд. Барои ноил гаштан ба он мо бояд пайваста фарзандонамонро дар оғӯш гирифта бибӯсем ва меҳрубонӣ намоем, то ин меҳрубонӣ дар дили онҳо қавӣ ҷой гирад. Бинобар ин, дар дили роҳбари хештаншинос аз кӯдакӣ як меҳру муҳаббати бузурги дӯстдорӣ бояд ҷой карда шавад, ки ӯ оянда бо чеҳраи кушод, оғӯши гарм ва дили пурмеҳр пешвоз гирифтани тамоми одамонро дар худ дошта бошад.
Барои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд падару модар хароҷотҳои зиёде менамоянд. Дар ин нуқтаи тарбия низ раванди стратегии хароҷотҳо бояд барои инкишофи рӯҳию ҷисмонии фарзанд равона карда шаванд. Хароҷоти дар роҳи дурусти тарбияи фарзанд сарфшуда, ба оила ва падару модар даҳҳо маротиба боздеҳи хубу зиёдтар бармегаронад, нисбати он хароҷотҳои бемантиқи маросимҳои бофтаи ғайримиллӣ ва ғайридинӣ. Чуноне ки мо дар мавзӯъҳои гузашта қайд карда будем, хароҷоте, ки барои инкишофи башарӣ сарф карда мешавад, нисбати хароҷотҳои дигар мақсаднок ва дуруст мебошад, чунки инкишофи зеҳнии одам ганҷинай бебаҳои инсонист. Ҳатто мувофиқи ақидаи Абӯ Ҳурайра дар ҳадиси расули Худо омадааст, ки «Агар ту диноре дар роҳи Худованд, диноре дар озод кардани ғулом, диноре ба бечорагон ва диноре барои оилаи худат сарф мекунӣ, аз ҳама мукофоти баланд барои ҳамон динорест, ки барои тарбияи фарзандони худат сарф кардаӣ».1
1 Личность мусульманина. - М., 2003.с. 110.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо