Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, мушкилии тарбия боз дар он аст, ки фарзанд дар ин зина аллакай ба таъсири ҷомеа пурра гирифтор шуда, вақти зиёди худро дар ҷомеа мегузаронад. Дар ин ҳолат масоили муҳим он аст, ки мактабҳо кадом фанҳо ва мавзӯъҳоро мувофиқи кадом барномаи таълимӣ таълим медиҳанд ва устодону мураббиён дар кадом зинаи инкишофи башарӣ қарор доранду ба талабагон чӣ гуна муносибат менамоянд. Албатта, ин муносибатҳо асосан, аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ сурат мегиранд, ки онро бояд волидайн, фарзандон ва ҳар устоду мураббӣ донанд ва риоя намоянд. Ҳеҷ як шаҳрванд ҳуқуқ надорад, бар зидди дигаре ва давлат муқобилияти ғайриқонунӣ нишон диҳад, балки вазифадор аст ин қонуниятҳоро, ки аз Сарқонуни мамлакат, ки бо тариқи райпурсии умумӣ қабул шудааст, сарчашма мегирад, бечунучаро риоя ва талаботҳои онҳоро иҷро намояд. Пас, донистани ҳуқуқҳои хеш ва қонунҳои мамлакат қисми таркибии тарбияи фарзандон буда, онро аз боғча, мактабҳо ва корхонаҳо пурра омӯхта, рафтори худро ба низом бояд дароранд. Аз он ҷумла, ҳуқуқ барои зиндагии озод, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, истироҳат ва интихоби ҷои зист аз ҳуқуқҳои асосии инсонӣ мебошанд, ки хушбахтона, мардуми Тоҷикистони мо бо он пурра таъмин мебошанд. Касе ва ягон гурӯҳе ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқҳои асосии инсонии Шуморо поймол намояд. Ғайр аз ин, боз ҳуқуқҳои таъминотӣ, истеъмолию иқтисодӣ ва сиёсию ҷамъиятии дохилан мамлакат ва байналмилалӣ мавҷуд мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи онҳо шарти зарурии тарбияи фарзандон мебошад.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки масоили тарбия хеле мушкилу чандтарафа буда, вазифаи танҳо фанни таълимии менеҷмент намебошад. Бинобар ин, тамоми фанҳо бояд хислати тарбиявӣ дошта, инкишофи башариро таъмин намоянд, ки аз нигоҳи мо омили асосии инкишофи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, стандартҳои таълимии давлатӣ чӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва чӣ дар мактаби олӣ бояд ба ин мувофиқат намоянд.

Имрӯзҳо дар байни олимони бахши педагогика ду ақида мавҷуд мебошад.
Гурӯҳи аввал тарафдори он мебошанд, ки дарсҳои тарбиявиро дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба анҷом расонанд. Ақидаи гурӯҳи дуюм ин пайваста идома додани кори тарбиявӣ дар макотиби олӣ ва корхонаҳо то охири умр мебошад.

пешина
аз 463
навбатӣ