Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мо тарафдори ақидаи дуюм ва суханони донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ҳастем, ки гуфтаанд: ДОНИШМАНДУ ФАҚИР ТАМОМИ УМР БА ТАРБИЯ МУҲТОҶАНД. Пас, мо кори тарбиявӣ ва мавзӯъҳоеро, ки ба инкишофи маънавии инсон кӯмак мерасонанд, дар ҳама фанҳо ворид сохта, бояд тамоми ҷабҳаҳои инкишофи башариро боло бардорем.

Аслан, рӯҳшиносону мураббиён имрӯз тарбияи башариро баҳри расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ ба панҷ раванд ҷудо мекунанд:

  1. Дунёшиносӣ — тарбияи ҷамъиятшиносии фарзандон ва ҳуқуқу вазифадории онҳо, инкишофи иқтисодии мамолики дунё ва зинаи инкишофи иқтисодию сиёсӣ, ахборию электронӣ ва маданию иҷтимоии халқҳои гуногуни дунё. Ҳуқуқҳои демократии зиндагии инсонӣ, ки дар тамоми мамолики тараққикардаи дунё амал карда истодаанд ва ғ.

  2. Инсоншиносӣ — тарбия дар рӯҳияи инсоншиносӣ, ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, имконоту қобилияти инсон, ҳурмату эҳтироми инсонӣ ва ҳуқуқҳои он. Арзишҳои волои хештаншиносии башарӣ ва озодии пиндору рафтору гуфтор, интихоби дину оин, талаботҳои байналмилалии рафтору ҳуқуқи инсонӣ.

  3. Табиатшиносӣ — тарбияи экологии башарӣ, ин раванд низ қисми пайвастаи тарбияи инсонӣ мебошад, ки мо бояд аз қонуниятҳои олии табиӣ инсонро ҳаматарафа бохабар сохта, дӯстдорню муносибати баланди хиради экологиро ба ӯ омӯзонем. Аз моҳияти табиат ва қонуниятҳои он, хислатҳои сарватҳои табиӣ, олами растанӣ ва ҳайвонот, ки қисме аз онҳоро мо дар раванди тавлифи мавзӯъҳои алоҳидаи китоб бароятон таҳлил кардаем, ӯро бархӯрдор намоем.

  4. Эҷодкорӣ — ин раванди тарбия қисми фаъоли тарбияи сарвари оянда буда, мо бояд дар ҳар як фард қобилияти эҷодкориро тавлид карда, ӯро аз хурдӣ, давоми таҳсил дар мактаб ба навоварию кашфиёт ва ихтироъкорӣ одат кунонем. Бартарияти ин равандро фаҳмонда, кӯдакро дар олами орзую ҳавасҳо ва навовариҳо ба воя расонем, ки эҷодкориҳо дар ояндаи роҳбарии ӯ хеле ва хеле заруранд.

  5. Пешвоӣ — ин хислати махсус ва қувватдиҳандаи тарбияи сарвари оянда буда, меъёрҳои онро аз овони кӯдакӣ ва давраи мактабхонию кор дар

пешина
аз 463
навбатӣ