Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳисоб рафта, диққати махсуси менеҷментро талаб менамоянд. Олимону донишмандони бахши менеҷмент, ин раванди фаъолияти менеҷментро шаклӣ фаъоли одаткунонии роҳбарон ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ баҳо дода, усулҳои беҳтарини рӯҳию иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсиро пешниҳод намудаанд, ки бахше аз онҳоро мо дар қисмҳои пешинаи китобамон гуфта гузаштаем. Дар ин нуқта онро фақат аз нигоҳи хештаншиносӣ баҳогузорӣ менамоем, ки усули афзояндагии донишомузию тарбиявии роҳбарӣ буда, пайваста вобаста ба зинаи болоравии корманд мураккабтар мегардад.

Аксари донишмандон дар чунин ақида мебошанд, ки ин талаботро бо роҳҳои зерин таъмин кардан мумкин аст:

  1. Диққати асосиро ба қобилияти зеҳнии корманд равона кардан ва дараҷаи қобилияти фардии кордонии ҳар як аъзои ҷавони менеҷмент.

  2. Кор карда баромадани нақшаи болоравии зинавии инкишофи корманд аз рӯи вазифа ва иҷрои саривақтию бешарти он.

  3. Ташкили кори мураббигӣ аз ҳайати устодони касбӣ, новобаста ба халқу миллат ва гурӯҳи этникӣ.

  4. Пешниҳоди кормандони ҷавони болаёқат ба корҳои масъули роҳбарӣ дар менеҷмент.

  5. Пайваста нигоҳ доштани гуногуншаклӣ ва инкишофёбандагии вазифагузорӣ дар менеҷмент.

Таълиму тарбия барои тамоми менеҷмент ва ҳар як аъзои он шарти зарурӣ гашта, фақат менеҷменти ба илму маърифат такядошта метавонад пешсаф бошад ва рақобати бозорро тоб оварда тавонад. Ҷараёни инкишофи илму маърифат дар тарбияи корманд ва умуман, менеҷменти замони муосир ҳамчун воситаи истифодабарии самараноки ахбор ва одаткунонии инноватсионӣ шарти зарурӣ буда, мо бояд доимо бар он нишонагирӣ дошта бошем. Корманд бошад худро ба ин мутобиқ кунонида, зина ба зина болоравии касбию роҳбариро асоси кори худ қарор дода, пайваста аз паи он кӯшиш ба харҷ диҳад.

Консепсияи бефосила ва бемайлони таълиму тарбия, ҳамчун нишонаи
замонавӣ будани менеҷмент баҳогузорӣ шуда, ҳар як корманд таҳлили
фаъолияти ҳар рӯзи худро ҳамчун дарси инкишоф қабул ва таҳлил намуда, ба
корманди ҷавон бояд дарс омӯзад. Ташкили семинарҳои корӣ, иштироки

пешина
аз 463
навбатӣ