Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
бевосита дар ҷараёни омӯзиш ва фаъолияти роҳбарии якдигарӣ, таҷрибаомӯзии якдигарии менеҷмент, роҳҳои самараноки ин консепсия мебошанд.
Очеркҳои таърихии давлатдорӣ ва роҳбарии миллати тоҷик ва асарҳои донишмандони тоҷик, ки мо дар қисми 3-4-уми китобамон овардаем, гувоҳи он мебошанд, ки донишмандону шахсиятҳои бузурги таърихӣ, подшоҳону амирон пайваста дар омӯзишу тадқиқоти илми одамшиносӣ ва тарбияи сарвари оянда диққати махсус дода, ҷавонмардони таърихиро аз айёми кӯдакӣ барои омӯзиш дар назди устодони бузург мегузоштанд. Аксари онҳо то синни 18-солагӣ малакаи роҳбари баркамолрасидаи хирадманд буданд. Имрӯз бошад ин раванд каме характери чуқури илмии умумӣ гирифта, омӯзиши коллективии тарбияи роҳбарӣ объекти омӯзиши якчанд фанҳо, аз қабили ҷомеашиносӣ, рӯҳшиносӣ, иқтисодиёт, менеҷмент, сиёсатшиносӣ ва ғайраҳо қарор гирифтааст. Новобаста ба он ки Шумо дар кадом соҳа кору фаъолият доред, тарбия ва омӯзиши илми роҳбарӣ қисми таркибии фаъолияти менеҷмент хоҳад гардид. Менеҷерони корхона барои ташкили кори тарбиявӣ дар менеҷмент, барои омӯзиши ҳунари хуб роҳбарӣ кардан вазифадор мебошанд. Ин усули амалигардонии дониш ва ба даст овардани натоиҷи зарурӣ ба ҳисоб меравад. Асосан, кордонии роҳбарӣ ба се категория ҷудо карда мешавад: ташкилӣ; консепталӣ; техникӣ, яъне роҳбари оянда бояд ташкили фаъолияти самараноки дигар кормандонро таъмин карда, вазифаҳои махсуси техникиро иҷро намояд, мақсадҳои дурнамоӣ, вазифагузорӣ ва фикрронии стратегии консептуалӣ дошта бошад.
Барои ноил гаштан ба ин равандҳои ҳунари роҳбарӣ, ӯ бояд худро дар нақши пешво, миёнарав, роҳбар ва корманди оддӣ нишон дода, ҳамчун мушовир, наттоқ ва паҳнкунандаи ахбор баромад карда, нигоҳи соҳибкорӣ, истифодабарии самараноки захираҳо, ахбори баланди зеҳнӣ дошта бошад.
Раванди дигари тарбияи роҳбарӣ пурсӯр намудани қобилияти эҳсосотии корманд мебошад. Ин раванд, тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ буда, худтанзимкунӣ ва ё худроҳбариро таъмин месозад. Чуноне ки мо дар мавзӯи пешин қайд кардем, тавлиди низоми мустаҳками дохилаи роҳбар, нишони мустаҳкамии қавииродагӣ ва эҳсосотии роҳбар буда, асоси мотиватсионии роҳбарӣ ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо