Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Эмпатия ва ҳунари иҷтимоӣ низ, дониши фардии роҳбарӣ буда, тарбия ва аз худ намудани ин раванд имкони таъмини мувофиқан рафтори роҳбарӣ ба дигар кормандон ва фаҳмиши эҳсосоти онҳо мебошанд.
Барои ноил гаштан ба чунин муваффақиятҳои тарбиявӣ дар менеджмент усули махсуси омӯзишӣ ташкил карда мешавад, ки онро метавон ба панҷ гурӯҳ ҷудо кард:
-
Усули хештаншиносии тарбиявӣ, ки ба мардум беандоза некӣ ва накӯкорӣ карданро нишонагирӣ дошта, натоиҷи ахлоқии ҳар як рафтор фақат аз нигоҳи некӣ кардан баҳо дода мешавад.
-
Усули фардии тарбиявӣ, ки омӯзиш ва вазифагузории алоҳида ба корманд вобаста ба зинаи инкишофи вазифадорӣ ва қобилияту кордониаш мебошад. Ин раванд хеле мураккабу мушкил буда, вазифагузории фардиро талаб менамояд, ки менеджмент на ҳама вақт аз уҳдаи он мебарояд. Корманде, ки оид ба уҳдадориҳои оянда ва вазифадории худ андеша менамояд, бояд рафтори этикии менеджментро омӯхта, мувофиқ ба он амал намояд.
-
Тарбияи ахлоқӣ — ҳуқуқии корманд — ин усул ҳамон рафтори роҳбариро таълим медиҳад, ки асоси бунёдӣ ва ҳуқуқии одамонро эҳтиром намуда, ба меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқӣ асоснок карда шудаанд. Ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, даромад ба даст овардан, манзил ва интихоби касбу фаъолият асоси ин таълимот мебошад.
-
Тарбияи адолатпарастии роҳбарӣ — рафторе мебошад, ки мувофиқи қоидаи ростию ҳақпарастӣ, ҳалолкорию поквичдонӣ нисбат ба одамон созмон дода шуда, адолати иҷтимоии менеджментро ташкил медиҳанд.
Тақсимот ва истифодабарии захираҳо аз рӯи қоидаҳо ва меъёрҳои этикии корӣ ба роҳ монда шуда, ба халқу миллату маҳаллу хешу табору авлоду авлод бояд вобастагӣ надошта бошанд. -
Тарбияи андешаронии стратегӣ ва ташаккули ояндабинии роҳбарӣ — ин
хислати тарбия барои роҳбари оянда хеле муҳим буда, устувории этикии
роҳбарро дар ҳолатҳои гуногуни роҳбарӣ нигоҳ медорад. Дар таҷриба
ҳолатҳое мешаванд, ки ояндаи кору фаъолият номуайян буда, ақли одами
оддӣ қобилияти дарки масоилро надорад. Дар чунин ҳолатҳои номуайяни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо