Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Худошиносӣ, одамшиносӣ, табиатшиносӣ, вақтшиносӣ, қадршиносӣ ва умуман, худогоҳии баланди фардӣ ҳидоят менамояд. Дар ин зинаи стратегӣ, аллакай, корманд пурра характери ҷомеагирии худро гирифта, мақсадҳои ӯ инкишофи босуботи ҷомеа мебошанд. Дар ин зина ӯ на аз номи худ, балки аз номи ҷомеа сухан гуфта, худ пурра ба он дода мешавад ва ҳамчун сарчашмаи бузурги ақлонӣ на танҳо барои инкишофи менеджмент, балки барои ҷомеа ва халқу миллаташ хизмат мерасонад.

Ҳамин тариқ, мо ба як гардиши васеи стратегии менеджмент расида, такрористеҳсоли захиравии хештаншиносиро дар менеджмент таъмин месозем, ки он ба худ мақсадҳо ва талаботҳои баландтари тарбиявиро соҳиб аст ва аз силсилаи аввалин менеджмент як зина боло меистад. Акнун гуфтан мумкин аст, ки кори тарбияи иқтисодии менеджмент вобаста аз сатҳи инкишофи менеджмент боло рафта, талаботҳои он низ баланд ва мураккабтару мушкилтар мегарданд.

Чунин як ҳолат зарурати баланд бардоштани сатҳи сифатии тайёр кардани мутахассисини касбиро дар макотиби таълимоти умумию махсус ва олӣ ба миён меорад, ки нишонаи талаботи баланди тарбиявии менеджменти муосир ва худшиносии роҳбарӣ мебошад.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки мақсади асосии тарбияи иқтисодии менеджмент инкишофи устувори башарӣ дар асоси заминаҳои устувори иқтисодие мебошанд, ки ҳар як корманд бо кӯмаку дастгирии роҳбарон ва коллектив ба даст меорад. Ин ҷараён, гарчанде гардиши азими ҳаётии инсонро дар бар гирад ҳам, ҳар як зинаи инкишофи корманд боз дар худ вазифа ва мақсадгузориҳои навини иқтисодии фардӣ ва мотиватсионии худро дорад. Вобаста аз суръати баланди инкишофи технологӣ ва электронӣ талаботҳои тарбияи иқтисодии роҳбарӣ низ дигаргун шуда, аз ҳар як корманд донишу фаҳмиши навинро талаб менамояд. Корманде, ки ба ин талабот ҷавоб гуфта наметавонад, бояд майдони менеджментро холӣ карда, ба дигар вазифа ва ё фаъолият гузарад, на бо дониши кӯҳнашудаи худ садди роҳи инкишофи ҷавонон ва умуман, инкишофи иқтисодии менеджмент гардад. Мутаассифона, чӣ хеле ки пештар низ қайд кардем, дар Тоҷикистон сафи чунин кормандону роҳбарон дар корхонаҳо кам нестанд, ки сабабгори асосии паст будани сатҳи инкишофи менеджменти корхонаҳои тоҷик гаштаанд.

пешина
аз 463
навбатӣ