Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Омилҳои муҳими тарбиявие, ки фаъонокии иқтисодии кормандонро метезонанд, барои кормандони синну соли гуногун фарқ мекунанд.
Ин омилҳо метавонанд шакли зеринро гиранд:
-
Дар мисоли дастовардҳои дигарон нишон додани натоиҷи мақсадгузориҳои иқтисодӣ ва додани вазифаҳою уҳдадориҳои фардӣ ба кормандони ҷавон.
-
Таъин намудани мураббии боваринок ва ҳунарманди варзида барои иҷрои вазифаҳо ва мақсадҳои гузошташуда ва инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ бо кафолати мураббӣ.
-
Бартараф намудани хатари иҷро нагаштани мақсад ва пурзӯр сохтани талаботҳо оид ба паси сар кардани монеаҳо ва қувваҳои бадхоҳи корхона.
-
Ташкили фаъолияти бартариятноки ҷавонони лаёқатманд ва таъмини мақсаднокии стратегии лоиҳаҳо ва қарорҳои менеджмент.
-
Эътироф ва дастгирӣ намудани дастовардҳои мутахассисони ҷавон, қадршиносии меҳнати иноватсионии онҳо ва кордонию эҷодкорӣ дар фаъолияти менеджмент.
Ҳамин тариқ, мо аллакай, ба унсури сеюми тарбияи хештаншиносии иқтисодӣ, яъне манфиатҳо расидем. Албатта, ҳар як фард вақте дар фаъолияте ва ё иҷрои коре ширкат меварзад, албатта, манфиати пешакии худро медонад ё интизор мебошад ва вобаста аз манфиаташ самаранокии фаъолияташро нишон медиҳад.
Нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии манфиатҳо қисми таркибии тарбияи
иқтисодии менеджмент ба ҳисоб мераванд ва мо бояд ченак ва ё стандартҳоеро
муайян созем, ки ба иззати нафси ягон корманд нарасида, адолати иқтисодию
иҷтимоӣ ва рушди босуботи менеджментро таъмин созем. Бо ин роҳ манфиатҳо
бояд ҳавасмандии иқтисодии менеджмент ва ҳар як кормандро қаноатманд сохта,
ҳолати баланди рӯҳиявии кормандон, махсусан, корманди ҷавони дорои
қобилияти зеҳнии баландро таъмин карда тавонад. Дар ин ҷо боз ҳамон ҷадвали
стратегии рафтори роҳбарӣ истифода карда мешавад, ки барои
диққатҷалбкунандагии фаъолият ва пурра боло бурдани қобилиятҳои баланди
зеҳнӣ аксар маврид манфиатҳои фардии ин кормандонро аз манфиатҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо