Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳаво як муҳити кулли зиндае мебошад, ки ягон нуқтаи зиёд ва ё ҳаракати нодуруст надоранд ва миллиардҳо сол инҷониб бо ин низом ҳаракат карда омада истодаанд. Ин амалҳо бояд намунаи беҳтарин ва зиндаю намоёни донишҳои мо гарданд. Зиндагонии мо бошад, аслан аз рӯи низоми дохила ва берунан таҳлили мо сурат гирифта, аксар маврид аз фикрронии чуқури ин воситаи айёнии табиӣ дур мегардем ва онро дарк карда натавониста, сарсону саргардон мемонем. Мо оиди баъзе фаҳмишҳо ва хусусиятҳои хоси табиӣ дар мавзӯъҳои гузашта, баъзан қайдҳо кардаем, аммо ин ҳанӯз кифоя намебошад.

Очеркҳои таърихии мардумони Шарқ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин минтақа одамон тамоми давру замон зиндагонии худро дар мувофиқа бо табиат ба роҳ монда, самаранок кору фаъолият менамоянд. Мисоли зиндаи онро мо имрӯз дар хусусиятҳои хоси инкишофи Ҷопон, Эрон, Хитой ва дигар давлатҳои Араб мебинем. Дар ҳақиқат, мардуми Шарқ бо дониши баланди экологӣ боигарии маънавии табиатшиносии худ аз Аврупо ва Амрико фарқият ва бартарияти калон дошта, ҳатто дорон ҳисси баланди дарки табиӣ мебошанд.

Мисол, дар таҷрибаи табиатшиносии мардуми Чин, ки то имрӯз инкишоф ёфта омадааст, асосгузори мактаби баланди рафтори Конфутсий заминаи эҷодии дӯстдории экологиро барои тамоми ҷаҳониён асос гузоштааст. Асоси ин таълимот ва умуман, рафтори баланди инсониро имрӯз дар Хитой ва аксар дигар мамолики Шарқ ҳамчун дониши зинда дар фаъолияти хирадмандон бо пайвастагии қувваи Илоҳӣ (кайҳонӣ) баҳогузорӣ менамоянд. Бо такя ба қувваи баланди Илоҳӣ шахсияти коинотӣ будани инсонро аз рӯи алоқамандии рафтори ӯ ба қонуниятҳои Замину Осмон муайян сохта, ҳамчун се сарчашмаи ҳаракат мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Бояд гуфт, ки ин рафтор ва фаҳмиши чуқури фалсафӣ дар миллати тоҷик хеле равшан буда, бо асосҳои илмию динӣ ҳанӯз аз замони Авесто ва пеш аз он ибтидо гирифта, то имрӯз дар инкишоф қарор дорад, ки оид ба ин нишонаҳои хирадмандӣ мо аз забони мутафаккирони бузурги миллати тоҷик дар қисми 4-уми китобамон пурра гуфта гузаштаем.

Одаму олам ҳарду офаридаи Худованд буда, хирадмандону хештаншиносон ҳамчун пайвандгари ин ду қувваи бузурги илоҳӣ хизмат карда, одамонро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Аз ин ҷост, ки барои роҳбари хештаншинос тарбияи экологиро ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳими инкишоф қарор додем.

пешина
аз 463
навбатӣ