Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Чун ин як фаҳмиши фалсафие низ мавҷуд аст, ки «Аввали ҳаёти одамиро Худованд даст карда, давоми зиндагонии заминиро ба дасти худи одам супорида, пайваста назорат менамояд, ки ӯ чӣ тавр кору фаъолият ва муносибат ба созандаи худ дорад».
Албатта, хирадмандон аз ин ҳолатҳо бархӯрдор буда, нозукиҳои онро нисбати одамони оддӣ пештар эҳсос ва аз худ карда, худро ба қонуниятҳои табиӣ мувофиқ мегардонанд.
Бо ақидаи аксари донишмандони бузурги миллати тоҷик, ки то ба зинаи ҳақшиносӣ расида буданд, аз илми малакутӣ бохабар буда, зиндагонии худро ба олами кайҳонӣ пайваста, аксари ҳодисаҳои оламро пешакӣ дарк ва пешгӯӣ мекарданд. Пас, тарбияи экологии хештаншиносӣ бояд дар риштаи нозуки «табиат — таърих — одамон» сурат гирифта, роҳбари хештаншинос аз тамоми ҳодисаҳои муҳими таърихию табиию кайҳонӣ ва рафтори хирадмандону донишмандон, фаҳмишҳои динию замонавӣ бохабар бошанд.
Аз тарафи дигар, мазмуни хештаншинос, ин худ барандаи қувваи бузурги заминию кайҳонӣ буда, ҳамчун намунаи беҳтарин ва ё қобилияти бузурги дарки амиқи ҳодисаю ҳолатҳо, биниши пок, шунавоии воло, забони ширин ва фикрронии тозаи экологӣ доштан аст.
Шахсияти бузурги хештаншинос қувваи бузурги илоҳиро доро гашта, онро бояд ба атрофиён ва наслҳои оянда паҳн намояд. Оиди фаъолият ва зиндагиномаи ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ мо дар қисмҳои аввали китобамон васеътар гуфта гузаштаем. Ин шоҳроҳи бузурги адолатпарастӣ, гуманистӣ, боварӣ, ақлу хирад ва маънавиёт аст.
Нишонаҳои ин шоҳроҳро хирадмандони Шарқ, асосан, ба панҷ мӯъҷизаи табиии мувофиқ ташбеҳ медиҳанд:
❖ Симои зоҳирӣ, ахлоқӣ-ҷамъиятӣ-дарахт;
❖ Сухани накӯ - қаҳри хештаншиносӣ, адолат - маъдан;
❖ Фикрронӣ — одат - оташ;
❖ Биноӣ - боварӣ — об;
❖ Шунавоӣ - дониш — ақл — замин.
Ин панҷ унсури мувофиқа ва пайвастагӣ ба табиат доштани инсонро файласуфон ҳамчун қисми таркибии табиат будани он дониста, риояи қонунҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо