Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бештар чуқуртар рафта, мустаҳкам гарданд. Табиати зинда ва мувофиқан инкишофи ҳар як роҳбар ва фаъолияти он ба ин сарчашмаи бузурги ҳаётӣ бояд асоси рафтори менеҷмент гардад. Ин зинаи бехатари роҳбар, менеҷмент ва тамоми корхона мебошад. Таъмини пешвой дар ин раванд ва доштани роҳбари хештаншинос дар менеҷмент, мақсад ва мазмуни асосии тарбияи экологӣ ҳисоб меёбад, ки мо дар боло гуфта гузаштаем.

Тарбияи пешвой, давоми мантиқии тарбияи хештаншиносӣ буда, фақат доштани хислатҳои баланди пешвои роҳбарӣ метавонад, устуворию менеҷментро таъмин созад. Оид ба тарбияи пешвой ва болоравии зинавии вазифадории роҳбарӣ мо дар мавзӯи оянда муфассал гуфта мегузарем.

57.5. Тарбияи пешвоёни хештаншинос ва болоравӣ аз рӯи вазифа дар менеҷмент

Хонандаи азиз, мо дар қисми 2-юми китобамон оид ба пешвой, талаботҳои пешвой ва мақоми он дар менеҷмент пурра гуфта гузаштаем. Ҳоло бошад, оид ба тарбияи расидан ба пешвой ва зарурияти ташаккули ин хислат дар роҳбари хештаншинос андешаронӣ менамоем.

Бо ақидаи аксари олимони бахши пешвошиносӣ ва менеҷмент агар 60% қобилияти пешвой табиатан, баробари таваллуд пайдо гардад, боқимонда 40% ба тарбия вобастагӣ дорад. Мо низ дар он ақидаем, ки бо муҳайё кардани шароит, ҳамон 40% имконоти тарбияро амалӣ гардонему пешвои ҳақиқиро ба майдони менеҷмент ворид сохта, фаъолияти роҳбариро самараноқ ҷорӣ намоем.

Маънои фалсафии пешво, шахсияти баркамоле мебошад, ки худаш пешопеши ҷомеа қадам монда, ба ҳамроҳон роҳ нишон медиҳад. Баъзе мутахассисон пешвоиро бошад, каме ба дигар маънӣ баҳо медиҳанд, яъне пешво гуфта, шахсиятеро меноманд, ки гурӯҳи одамонро муттаҳид сохта, ба саёҳате роҳбаладӣ менамояд.

Дар ҳақиқат, ин ду маънии пешвой дар менеҷмент мувофиқат менамоянд, чунки пешвой дар навбати аввал, нишон додани роҳ бошад, пас ҳолати дуюм он

пешина
аз 463
навбатӣ