Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аст, ки дар он роҳ ӯ ҳамроҳи кӣ сафар дорад, то бехатарӣ таъмин гардаду ба мақсад бирасанд. Бинобар ин, тарафдорони ақидаи дуюм нақши асосиро дар қобилияти баланди интихоби коллектив доштани пешво дониста, одамшиносии роҳбарро, яке аз масоили муҳими пешвоӣ меҳисобанд. Мо низ бар он ақидаем, ки барои тарбияи роҳбари хештаншинос доштани хислати пешвоӣ шарти зарурӣ ба ҳисоб рафта, илова бар ин, ӯ вазифадор аст, ки ба кулли кормандонаш ин хислатро ҳидоят созад, то якҷоя бо ташкили як дастаи мустаҳками менеҷмент кору фаъолият намоянд.

Пешвоӣ дар менеҷмент ин, тарбияи як «қаҳрамон»-ро талаб накарда, балки дар пайвастагии гурӯҳи одамоне мебошад, ки дар кору фаъолияти касбии худ аз дигарон бартарият дошта, барои мақсади ягона ба кору фаъолият машғул мешаванд. Пас, дар кадом сатҳи идоравие набошад, доштани фақат як пешво хатарнок ва мувофиқи мақсад набуда, дар ҳолати аз байн рафтани «қаҳрамон»
коллектив зиёни калоне мебинад, ки аз фоидаи овардаи он пешво, даҳҳо маротиба зиёдтар мебошад.

Аз тарафи дигар, дар пешвоӣ агар ҳамфикрону ҳамрадифони худро тарбия
нанамоед, системаи ташкилкардаатон дар баробари пайдо шудани пешвои дигар
нобуд мегардад ва ҳатто пешвои пешинаро метавонанд ба ҷазо низ гирифтор
кунанд. Аз тарафи дигар, як пешво имкони фикри ҳаматарафа ва дурусти
тамоми равандҳои менеҷментро карда наметавонад ва дар ҳолати мустақилона
қабул намудани қарор, ба равандҳои алоҳидаи он нуқсон оварданашон эҳтимол
дорад. Аз ин бармеояд, ки дар ҳама ҳолатҳо доштани дастаи пурқуввати
пешвоён ва тарбияи пешвои оянда, рушди босуботи менеҷментро таъмин сохта,
эҳтимоли ба миён омадани хатарро кам мегардонад. Ҳар як пешво қобилияти
махсуси бартарият ва камбудиҳои худро дошта, дар ҳолати зарурӣ якдигарро
метавонанд пурра гардонанд. Дар муҳити пешвоёни даста фаъолият доштани
пешвоӣ имкон медиҳад, ки баландшавии дараҷаи сифатии пешвоиро таъмин
сохта, мӯҳлати пешвоӣ тӯлонитар гардад. Нигоҳ доштани афзояндагии пешвоӣ,
ин баланд гаштани нишондиҳандаҳои иқтисодии корхона, дараҷаи даромаднокӣ,
истифодаи технологияи пешқадам, пешво будан дар бозор, истеҳсол ва фурӯши
моли корхона мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маданӣ ва иҷтимоии
кормандон дар менеҷмент, нишонҳои афзояндагӣ ва устувории пешвоӣ дар

пешина
аз 463
навбатӣ