Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
58.1. Равандҳои концептуалии рушди босуботи иқтисодӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ
Тамоми таърихи башарӣ дар рӯи Замин гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки инсоният дар ягон даВру замон сарватҳои табииро он қадар истеъмол накардааст, ки дар садсолаи охир. Аз тарафи дигар, имрӯз инсоният табиатро омӯхта, аз аксари қонуниятҳои табий ва сарватҳои табий бохабар буда, имкони мувофиқа кардани фаъолияти хешро ба ин қонуниятҳо доро гаштааст. Ақл, хирад ва хештаншиносии роҳбарӣ имкон медиҳад, ки мо мувозинати манфиатҳои иқтисодӣ ва экологиро нигоҳ дошта, барои насли ояндаамон шароити хуби зиндагонӣ ва рушди босуботи ҳокимиятдорӣ боқӣ гузорем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ шароити вазнини иқтисодию экологӣ ва ҳокимиятдориро мерос гирифтааст, ки ҳоло низ баъди 16 соли истиқлолияти сиёсӣ, мо аз ин ҳолати мураккабу мушкил набаромада истодаем.
Вазифаи асосии илми менеджмент низ, муайян кардани сабабҳои асосии илмии иқтисодию экологӣ ва ташкилии роҳбарӣ ва коркарди барномаҳои концептуалии ташаккули иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ташкили ҳокимиятдорӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ мебошад. Бинобар ин, мо зарур шуморидем, ки ин мавзӯъро дар қатори мавзӯъҳои муҳими хештаншиносии роҳбарӣ қарор дода, сабабҳои илмии мушкилшавии ҳолати иқтисодию экологияи ҳокимиятдориро аз нигоҳи хештаншиносӣ баҳогузорӣ намоем ва оидӣ оқибатҳои номатлуби чунин инкишоф ва тарзи роҳбарӣ андешаронӣ карда, роҳҳои баромадан аз чунин бӯҳронро мавриди тадқиқот қарор диҳем.
Хонандаи азиз, чӣ хеле, ки маълум аст, дар Тоҷикистон зиёда аз 75% мардум дар деҳот зиндагӣ дошта, қариб 60% мардуми қобилияти меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият менамоянд ва ҳамагӣ 7% мамлакатро замини ҳамвор ташкил карда, дигараш кӯҳсор аст. Инчунин, қариб 90% истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ, бо воситаи обёрӣ аз ҳисоби оби дарёҳои кӯҳӣ ба даст оварда мешавад, ки ин ба тамоми соҳаҳои дигари иқтисодӣ таъсири худро мерасонад. Аз ин хотир, мо зарур шуморидем, ки бештар оид ба ташаккули иқтисодию экологӣ ва менеджменти соҳаи агросаноатӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо