Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

андешаронӣ намоем. Мақсади асосии чунин тадқиқот таъмини самаранокии иқтисодию элогии менеҷмент бо назардошти хусусияти хоси инкишофи соҳаҳои дигар буда, асосноккунии концептуалии алоқамандии инкишофи ҳокимият, масоили экологию иқтисодӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Равандҳои асосии ин концепсияро модели инкишофе ташкил медиҳад, ки дар он сармоягузорӣ, инкишофи техникӣ, технологияи истеҳсолӣ ва фикронии роҳбарӣ ба имконоти экосистема мувофиқ ва масъалагузорӣ карда мешавад.

Бинобар ин, модел моҳияти иқтисодӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ касб карда, каме аз доираи фаъолияти дохилаи менеҷмент берун мебарояд ва мавзӯъҳои умдаи экологии минтақавиро низ, дар бар гирифтанаш мумкин аст, ки онро метавонем ҳамчун муҳити макроиқтисодии роҳбарӣ баҳо диҳем.

Масоили байналхалқии рушди босуботи иқтисодӣ ҳанӯз аз тарафи Комиссияи ТММ оид ба муҳофизати муҳити зист соли 1983-юм дар гузориши комиссия дар мавзӯи «Ояндаи умумии мо», якумин маротиба модели инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд, ки баъдан ин модел номи «Рушди босубот»-ро гирифта, имрӯзҳо яке аз масоили муҳими байналхалқӣ гардидааст.

Ин модел мазмуни иқтисодии ду мафҳуми инкишофро барои ояндаи башарӣ муайян намудааст:

  1. Мафҳуми талабот - истеъмоли минималии давлатҳои қашшоқи дунё, масоили аввалиндараҷаи башарӣ ва пеш аз ҳама кишварҳои тараққикардаи дунё бояд гарданд. Давлатҳои абарқудрати дунё вазифадор карда мешаванд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи минималии талабот ба давлатҳои қашшоқ кӯмаки беғаразона намоянд.
  2. Мафҳуми маҳдудият — оид ба ҳолати техникӣ ва технологии инкишофи иқтисодӣ, ки қобилияти ташкили мувозинатии экологӣ — иқтисодӣ — ҳокимиятдориро барои таъмини талаботи насли имрӯза бо назардошти насли оянда дошта бошад.

Вазифаи асосии гузариш ба рушди босуботро метавон ба чунин қисмҳо ҷудо кард:

пешина
аз 463
навбатӣ