Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Фаъолият, ҳунари ҳар як корманд баҳо дода мешавад ва иҷрои даставии кор низ ташаккул меёбад.
-
Дар натиҷаи чунин хислат пайдо кардани ҳокимият дар корхонаҳою ширкатҳои авиатсионии байналхалқӣ фаъолияти даставии то 100 нафара авҷ гирифтааст. Дар натиҷаи чунин сохтори ҳокимият мустақилияти фаъолияти корӣ ва роҳбарии ҳар як корманд пурра нигоҳ дошта мешавад ва ҳама дар иҷрои лоиҳа баробар ҳавасманд буда, барои иштирок кардан дар иҷрои лоиҳаи навбатӣ дар ҳайати даста кӯшиш менамоянд.
-
Дар баробари фаъолияти мустақилонаи кормандон қобилияти роҳбарии онҳо ташаккул ёфта, таҷрибаи бевоситаи мустақилона қабул намудани қарори идорӣ ва дигар ҳунарҳои роҳбариро аз худ карда, рушди босуботи менеҷментро таъмин месозанд.
-
Дар чунин шакли ҳокимият озодии инноватсионӣ ва эҷодкории васеи ҳар як корманд ҳукмфармо ва сармояи зеҳнии менеҷмент баланд мегардад.
-
Дар натиҷаи чунин ҳукмронӣ ҳар кас аз рӯи адолат ҳақмузд гирифта,
пешбурдолии худро фақат бо роҳи меҳнати самаранок боло бардошта,
барои самаранокии кори корхона пурра ҳавасманд мебошад.
Ҳар яке аз ин тағйиротҳо, ки дар боло гуфта гузаштем, мавқеъ ва мартабаи роҳбаронро дар корхона баланд бардошта, аллакай онҳоро на ҳамчун назоратчии фаъолияти кормандон ва ҷазодиҳандаи онҳо барои камбудиҳо, балки ҳамчун роҳнамо ва дӯсти ғамхору мушфиқу ҳамсафари зарурӣ дар коллектив муаррифӣ месозанд.
Роҳбарро аз нигоҳи сифат дар коллектив ду хел баҳогузорӣ мекунанд, ки якум бевосита бинобар хештаншиносии фардӣ ва дуюм мавқеи ҳокимиятдории он мебошад. Ҳар ду сифати роҳбар дар асоси тарзу усули амалигардонии онҳо аз тарафи Шумо, қабул, баҳогузорӣ ва қадр карда мешавад. Оиди вазифадорию ҳукмронӣ мо дар китоби чоруми менеҷмент муфассал андешаронӣ намудем. Дар як нуқта боз таъкид бар он дорем, ки дар кадом ҳолате набошед, мепурсанд:
Шумо кистед? Дар куҷо қарор доред?
Агар сармояи башариро вобаста аз қобилияти фардӣ ва кордонии роҳбар
муқайян созанд, пас сармояи иҷтимоиро вобаста аз алоқаи иҷтимоии роҳбар дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор