Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корхона ва берун аз он метавон баҳо дод, ки ҳарду дар якҷоягӣ сармояи ҳокимиятдории ҳар як роҳбарро муайян месозанд.

Нуқтаи дигари амалигардонии ҳокимият вазифадорӣ ва мақоме мебошад, ки роҳбари хештаншинос дар менеҷмент ба уҳда дорад. Вобаста аз инки вазифадорӣ имконот ва мавқеъ мустаҳкам шуда, сифатҳои фардӣ метавонанд бе монеа амалӣ гарданд. Асосан, ба сифатҳои амалигардонии ҳокимият дар вазифадорӣ панҷ ҳолат таъсири мусбӣ мерасонад.

  1. Ба марказ наздик будан.

  2. Озодии фаъолияти роҳбарӣ.

  3. Натиҷаи амалии фаъолияти роҳбарӣ.

  4. Манфиатнокӣ ва ё мавқеъ доштан дар масъалагузории стратегии корхона.

  5. Боваркунонӣ ва пешвой дар фаъолиятҳо.

Хонандаи азиз, тарзу усули роҳбарӣ ва хислатҳои хоси хештаншиносӣ, ки мо дар боло таъкид намудем, баҳше аз равандҳои ҳокимиятдорӣ буда, амалигардонии онҳо метавонанд рушди босуботи иқтисодӣ ва хештаншиносии роҳбариро дар менеҷмент ва маданияти баланди менеҷменти тоҷикро дар иқтисоди бозорӣ таъмин созад. Бинобар ин, дастгирии бевоситаи давлатии чунин як раванд низ, қисми таркибии функцияи давлатдорӣ мебошад, ки мо дар мавзӯи оянда бароятон гуфта мегузарем.

58.5. Дастгирии давлатии рушди босубот ва
хештаншиносии роҳбарӣ

Очеркҳои таърихие, ки мо дар қисми 4-уми китобамон овардаем, гувоҳӣ
медиҳанд, ки мо тоҷикон аз дигар халқу миллатҳо дида пештар масоили
маҳдудияти захираҳои табиӣ ва моҳияти баланди давлатро ҳамчун системаи
таъминкунандаи «Зиндагонии хуб» дарк карда, ганҷинаи бои таърихии
назариявӣ ва амалияи хиради давлатдорӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ дорем,
ки мислашро ягон халқу миллати дунё надорад. Дар тамоми давраи инкишофи
башарӣ барои миллати тоҷик ташкили системаи самараноки идоравӣ шарти

пешина
аз 463
навбатӣ