Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Таънаи зоғ дар даъвои худҳуд.
Зоғ чун бишнуд, омад аз ҳасад,
Бо Сулаймон гуфт, к-ӯ каж гуфту бад.
Аз адаб набвад ба пеши шаҳ мақол,
Хоса, худ лофи дурӯғину муҳол.
Гар мар — ӯро ин назар будӣ мудом,
Чун надидӣ зери муште хок дом?
Чун гирифтор омадӣ дар доми ӯ?,
Чун қафас андар шудӣ нокоми ӯ?
Пас, Сулаймон гуфт: «эй худҳуд, равост,
К-аз ту дар аввал қадах ин дурд хост?
Чун намой мастӣ, эй хӯрда ту дӯғ?
Пеши ман лофе занӣ, он гаҳ дурӯғ?»
Ҷавоб гуфтани худҳуд таънаи зоғро.
Гуфт: «Эй шаҳ, бар мани урӣ гадой,
Қавли душман машнав аз баҳри Худой.
Гар ба бутлон аст даъво карданам,
Ман ниҳодам сар бибур ин гарданам.
Зоғ, ки ӯ ҳукми қазоро мункир аст,
Гар ҳазорон ақл дорад, кофир аст.
Дар ту, то кофӣ бувад аз кофирон,
Ҷойи ганду шавҳати чун кофирон,
Ман бибинам домро андар ҳаво,
Гар напӯшад чашми ақламро қазо.
Чун қазо ояд, шавад дониш ба хоб.
Маҳ сияҳ гардад, бигирад офтоб.
Аз қазо ин таъбия кай нодир аст?
Аз қазо дон, к-ӯ қазоро мункир аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор