Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Қиссаи Одам алайҳиссалом ва бастани қазо назари ӯро аз мурооти сареҳи наҳй ва тарқи таъвил.
Булашар, к- у «Аллама л асмо бағ» аст,
Садҳазорон илмаш андар ҳар раг аст.
Исми ҳар чизе, чунон к он чиз ҳаст,
То ба поён ҷони ӯро дод даст.
Ҳар лақаб, к-ӯ дод, он мубдал нашуд,
Он ки ҷусташ хонд, он коҳил нашуд.
Ҳар ки охир мӯъмин аст, аввал бидид,
Ҳар ки охир кофир, ӯро шуд падид.
Исми ҳар чизе ту аз доно шунав,
Сирри рамзи аллама л асмо шунав.
Исми ҳар чизе бари мо зоҳираш,
Исми ҳар чизе бари холи сираш.
Назди Мусо номи чӯбаш буд асо,
Назди холиқ буд номаш аждаҳо.
Буд Умарро ном ин ҷо бутпараст,
Лек мӯъмин буд номаш дар аласт.
Он ки буд наздики мо номаш манӣ,
Пеши Ҳақ ин нақш буд, ки бо манӣ.
Сурате буд аз мани андар Адам,
Пеши Ҳақ мавҷуд на бешу на кам.
Ҳосил он омад ҳақиқат номи мо,
Пеши ҳазрат к он бувад анҷоми мо.
Мардро бар оқибат номе диҳад,
На бар он к ӯ орият номе ниҳад.
Чашми Одам чун ба нури пок дид,
Ҷону сирри номҳо гаштанд падид.
Чун малак анвори Ҳақ дар вай биёфт,
Дар суҷуд афтоду дар хидмат шитофт.
Мадҳи ин одам, ки номаш мебарам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор