Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Косирам, гар то қиёмат бишмарам.

Ин ҳама донисту чун омад қазо,
Дониши як наҳӣ шуд бар вай хато.
К-эй аҷаб наҳ аз паи таҳрим буд.
Ё ба таҳвиле буду тавқим буд.
Дар дилаш таҳвил чун тарҷеъ ёфт,
Табъ дар ҳайрат сӯйи гандум шитофт.
Боғбонро хор чун дар пой рафт.
Дузд фурсат ёфт коло бурд тафт.
Чун зи ҳайрат раст, боз омад ба роҳ,
Дид бурда дузд раҳ аз коргоҳ.
«Раббано инно заламно» гуфту оҳ.
Яъне омад зулмату гум гашт роҳ.
Пас, қазо абре бувад хуршедпӯш.
Шеру андарҳо шавад з-ӯ ҳамчу муш.
Ман агар доме набинам гоҳе ҳукм,
Ман на танҳо ҷоҳилам дар роҳи ҳукм.
Эй хунук он к-ӯ накӯкорӣ гирифт.
Зӯрро бигзошт ӯ, зорӣ гирифт.
Гар қазо пӯшид сияҳ ҳамчун шабат,
Ҳам қазо дастат бигирад оқибат.
Гар қазо сад бор қасди ҷон кунад,
Ҳам қазо ҷонат диҳад дармон кунад.
Ин қазо сад бор агар роҳат занад,
Бар фарохи чарх хиргоҳат занад.
Аз карам дон, ин ки метарсонадат.
То ба мулки эминӣ биншонадат.
Ин сухан поён надорад гашт дер,
Гӯш кун ту қиссаи харгӯшу шер.

пешина
аз 463
навбатӣ