Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таъриф шунидан пайдо мегардад. Махсусан, дар назди роҳбарону сарварони зинаҳои болоӣ зуд-зуд одамони хушомадгӯй ва маддоҳон пайдо мегарданд, ки онҳоро бардурӯғ таъриф карда, ба осмони ҳафтум мебароранд, аммо асли воқеа тамоман дигар аст ва сарварро дар ғафлат монда, оқибат ҳокимияти ӯро нобуд месозад. Сабаби асосӣ он аст, ки вақте таърифҳои бардурӯғ доимо такрор ба такрор ба гӯшатон мерасад, Шумо одат мекунед ва он албатта дар дили одамӣ мавқеи мустаҳкам пайдо карда, ҳақиқат ва танқидро тамоман шунидан намехоҳад. Дар натиҷа, ҳақиқат аз байн рафта, дар коллектив ва ҷомеа дурӯғу фиребгарӣ мавқеи баланд пайдо мекунад ва решаи адолати иҷтимоиро барҳам зада, онро хушк гардонида, ҷомеаи несолимеро пайдо месозад, ки сарварии худи Шуморо аз байн мебарад.

Аз ин хотир, дар хештаншиносии роҳбарии менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад: агар дар атрофи Шумо чунин ашхос пайдо гаштанд, ба зудӣ аз онҳо худро дар канор гирифта, ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки Шуморо таъриф кунанд. Аз ҳақиқати талх ҳеҷ гоҳ натарсида, адолати сарвариро аз даст надиҳед, чуноне ки дар замони худ Луқмон карда буд.

Ривоят мекунанд, ки дар замони подшоҳии хеш Луқмони Ҳаким амр дода буд, ки агар шахси худпараст ва хушомадгӯйро дидед, ҳамоно рӯяшро ба замин баргардонед, чунки ман медонам, ки ин гуна шахсон дар назди Луқмон даромада сухани бардурӯғи таърифӣ гуфта, ҳамон ки аз қасри ман мебароянд, сухани тамоман дигар гуфта, рафтори дигар доранд.

Сарвар ҳеҷ гоҳ набояд ба худнишондиҳӣ ва худтаърифкунӣ даст занад, чунки ин рафтори роҳбарӣ дар назди зердастон ва ҷомеа аз ноустувории сарвар дарак медиҳад ва онҳо ҳаракат мекунанд, ки бо истифода, аз ин заифии ӯ ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Бояд гуфт, ки сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳад. Ӯ набояд аз одамон бар ивази кардаи хеш таърифу таъмае интизор бошад, балки доимо кӯшиш намояд, ки худро хоксору ҳалиму фақир нишон дода, дараҷаи баланди некӯаҳволии ҷомеа, маданияти баланди инсонӣ ва адолати сарвариро устувор нигоҳ дорад.

Ҷавонмардию қавииродагӣ қисми таркибии фаъолияти сарвари хештаншинос мебошад, чунки ягона роҳи ҳақиқат ин ростию покӣ буда, шахсияте онро соҳиб мегардад, ки дили бузургу тозаи инсонӣ дошта, аз ҳама

пешина
аз 463
навбатӣ