Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Искандари Зулқайнар хеле дӯст доштааст. Аммо баъдан ин шаҳрро подшоҳони Эрон ба шаҳри марказӣ табдил доданд. Ҳангоми фикрронӣ маро дар болои уштур хоб бурдааст ва бедор шуда, худро тамоман дар дигар ҷо дидам. Атроф ҳама кабудизор, дарахтони зебои рангоранг то ба болоҳои теппаҳоро зебо гардонида буданд. Наздик будани дарё ба нафас мерасид ва дар ҳақиқат дар роҳи корвон дарёчае пайдо гашт. Ман аз ҳамсафарон фаҳмидам, ки нишони асосии расидани корвон ба Исфаҳон ин гузаштан аз дарёи Заёндарӯд аст. ...Мана Исфаҳон дар пеши назари ман бо ҳама зебоии рӯзона ва водии сабзашу кӯҳҳои зебояш. Қасрҳои зебо, масҷидҳо, мадрасаҳо, купрукҳои зебо чашми бинандаро дар ҳайрат меоварад. Ман ин ҳолатро ба он биёбоне, ки мо гузашта омадем, муқоиса карда, дар андешаи он шудам, ки чӣ тавр дарёҳо барои ҳаёти инсон моҳияти бебаҳо доранд. Маҳз, дар наздикии он дарёҳо, дарёҳои дӯстдоштаи ман Чебаруд, Ҳерируд, Зарафшон ва Мулён қасрҳои зебо бино шуда буд. Дарёҳо ва рудҳою чашмаҳо ҳамчун раги таъминкунандаи хуни Худованд барои зиндагонӣ дар замин буд.

Рӯзи дигар маро ба назди худ вазири кабир Низомулмулк даъват намуд ва хабар доданд, ки подшоҳ ба ман гӯшаи заминеро туҳфа карда ва фармон додаанд, ки дар он ҷо барои ман хона ва боге бунёд созанд. Ин амри султон аст ва корҳо аллакай оғоз шудаанд. Ба ман бошад Низомулмулк муваққатан дар назди қасри худаш ҳуҷраеро ҷудо карда ҷой доданд. Ин ҳодиса соли 465 - ум (ҳ) буд ва ман бистуҳафт сол умр доштам. Вазири кабир ба ман озодии мутлақро таъмин карданд ва ман озодона дар Исфаҳон тамошо кардам. Дар шаҳр ду ҳолат ба чашм мерасид. Аз як тараф, шаҳри кӯҳна, деворҳои гаштаи хонаҳо ва қасрҳо, аз тарафи дигар, боз биноҳои нав, қасрҳои навсохташуда, ки хеле зебо буданд. Чунин як гардиши зиндагиро ман на дар Нишопури худам, на дар Самарқанд ва на дар Бухоро надида будам.

Аз байн як моҳ гузашт ва маро Маликшоҳ ба назди худ даъват намуд. Ман аз вохӯрӣ дар ҳарос набудам, чунки ҳакими Бухоро маро бовар кунонида буданд, ки тамоми одамони бузург низ мисли мо одамҳои оддӣ буда, бо ғаму хурсандии худ умр ба сар доранд. Аз тарафи дигар, ба қасри подшоҳӣ хоҳиши рафтани ман он буд, ки дар он ҷо дӯстдоштаи ман Туркан зиндагонӣ мекард.

Ман боварӣ доштам, ки вақте ман вориди қаср мешавам, дили нозуки ӯ албатта наздик будани маро ҳис мекунад.

Султон Маликшоҳ одами раҳмдил ва оддӣ буда, хеле муносибати фақирона дошт. Дар навбати аввал, ман хаёл кардам, ки ин аз рӯи хислати кунҷковонаи ӯст. Аммо баъди боз чанде сӯҳбат ман фаҳмидам, ки фикрам ғалат будааст, чунки вақте мо дар меҳмонхона менишастем, ба мо писараки зебое аз кӯдакони аморат хизмат расонид. Вақте ки ӯ ба хотири ба султон тутқаи сигоркашро овардан берун баромад ва онро хеле моҳирона иҷро намуд, ман инро дар ташаккули баланди ин писарча донистам ва Султон ба ман гуфтанд:

  • Ҳайрон машавед. Ту медонӣ, ки чӯҷаи мурғ баробари аз тухм баромадан доначиниро бе омӯзиш шурӯъ мекунад, вале агар ӯро ба саҳро бубаред, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳи хонаро намеёбад. Бачаи кабӯтар бошад доначиниро намедонад ва он чиро мехоҳад, ки модар ба даҳони ӯ мегузорад, аммо вақте ки парвоз карданро ёд мегирад, ӯ пешвои кабӯтарҳо аз Макка то ба Бардод мегардад. Ҳамин тавр, солҳои зиндагии ин кӯдак дар оилае гузашта истодааст, ки аз он этикетро омӯхтааст, аммо ҳамагон фикр мекунанд, ки ӯ ин рафторро баробари ширхӯрӣ аз модар аз худ кардааст.

Ин суханҳоро шунида, ман андеша кардам, ки инсонеро, ки Худованд барои ҳокимиятдорӣ аз болои дигарон офаридааст, якбора аз он дар баробари ҳукмронӣ боз қобилияти фикрронии аниқ, тоқату равшанро низ гирифтааст.

Султон ба ман хабар дод, ки баъди як ҳафта сохтмони хонаи ман ба анҷом мерасад, боз дар қатори хонаи ман хонаҳои дигар низ барои олимони Хуросон, ки шоҳ даъват кардааст, сохта мешаванд. Дар он замон ин олимон хеле боэҳтиром буданд. Баъди чанд моҳ мо аллакай ба кор шурӯъ намудем. Ҳамин тавр, рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо номаълум мегузаштанд, донишгоҳҳо ва мактабу мадрасаҳои зиёде бо пешниҳоду кӯмаки дастгирии вазири хирадманд Низомулмулк пайдо мегаштанд, ки онҳоро мадрасаҳои «Низомулмулк» меномиданд.

Рӯзе ҳангоми вориди қасри Султон гаштан маро ба бародархонди худ Ҳасани Сабоҳ вохӯрдам. Ӯ аз кормандони дастаи ҳифзи қасри подшоҳ буд. Ҳангоми сӯҳбат Ҳасан аз Низомулмулк норозӣ кард ва ман хостам ӯро бовар

пешина
аз 463
навбатӣ