Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Бӯҳрони роҳбарии Шӯравӣ - нимаи дувуми солҳои 80-ум сохтори идоравии Шӯравӣ ба бӯҳрони азими иқтисодию сиёсӣ дучор гардида, тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз инкишоф бозмонда ва заминҳо ҳосилхезии худро гум карданд, ҳосилнокии меҳнат паст шуда, сатҳи фарҳангии ҷомеа хароб гардид. Оқибат сохтори Шӯравӣ барҳам хӯрд ва моҳи сентябри соли 1991-ум истиқлолияти Тоҷикистон эълон гардид.

  2. Эмомалӣ Раҳмон - сарвари давлатдории навини Тоҷикистон. - 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид, солҳои 1994, 1999, 2006-ум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон интихоб гардидааст.

  3. Дастовардҳои солҳои истиқлолият (1991-2007) гувоҳи онанд, ки мо аллакай ба комёбиҳои азим ноил гаштаем.

  4. Назарияи иқтисодии сарварӣ аз нигоҳи Зардушт - алоқамандии пурраи оила ва давлат нишон дода шуда, оила ва давлатро пайраҳаҳои як роҳ номидаанд.

  5. Нигоҳи пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба донишмандӣ - бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омӯхтан шарм кунад, ки қимати ҳар кас ба қадри маълумоти ӯст. Олимон дар миёни халқ амонатдори Худованданд, илм дӯсти мӯъмин асту ҳилм мададгор, ақл роҳнамову амал пешрав, мадоро падари неку бародар ва сабр амири лашкараш.

  6. Нигоҳи профессор Самсон ба таълимоти китоби Қуръон - ин китоб дар бораи гузашта, ҳозира ва оянда сухан мегӯяд.

  7. Нигоҳи императори Франция Наполеон Бонапарт ба китоби Қуръон - Ман боварӣ дорам, ки он рӯзҳо наздик мондаанд, то тамоми хирадмандон ва олимони дунёро ҷамъ оварам ва низоми умумибашариро муайян созам, ки асосашро қоидаҳои Қуръон ташкил медиҳад, ки ягона роҳи рост буда, инсонҳоро ба хушбахтии ҳақиқӣ мерасонад.

  8. Хонандаи азиз, дар боби 44-уми китоби менеҷмент мо порчаҳо аз асарҳои зиёда аз 37 донишманди бузурги миллати тоҷик оварда, оид ба ҳақиқатпарастӣ ва адлу адолатпарастии шоҳони тоҷик дар давраҳои

пешина
аз 463
навбатӣ