Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, кори пурмашаққат дар расадхона дар даст доштани қалам дар даҳ соли зиндагии ман чунон таъсири худро доштанд, ки ман ҳатто оиди дӯстдоштаи худ Туркан хотун қариб фаромӯш карда, танҳоии худро ҳис намекардам. Дар вақти танҳо мондан ақлу ҳуши ман ҳаракати шунидани садои осмонии Пок, созандаю нигоҳдорандаи Илоҳиро дошта, ин ҳолат барои марказонидани диққати ман ба як нуқтаи асосӣ шароит фароҳам оварда буд ва ман инро ҳис мекардам. Вақте ки ман аз сайри олами ситораҳо ва Осмонӣ бармегаштам, чунин ҳис мекардам, ки дар ин зиндагонии гунаҳкори заминӣ дақиқае будаму халос.

Ҳодисаҳо дар замини гунаҳкорӣ бо навбати худ мерафтанд.
Соли 472-юм дар расадхонаи мо кашфиёти калон ба анҷом расид. Мо ба Маликшоҳ ва Низомулмулк ҷадвал ва дастхатҳои тақвими навинро пешниҳод кардем, ки Шоҳ ин хизмати моро хеле хуб қабул кард ва баҳои баланд дода, ба ҳар яке мо туҳфаҳо ва мукофоти калон дод, ки ин имкони иқтисодии дар оянда ба кори илмӣ шуғл варзидани моро фароҳам овард. Ба ман унвони «Шайхурраис», яъне «Султони донишмандон» доданд. Ман аз ин унвон даст кашида гуфтам, ки ба ин унвон фақат устод Абуалӣ ибни Сино арзандааст. Ба ман рутбаи «Имом», «Исботкунандаи ҳақиқат» басандааст.

Дар ҷавоб султон ба ман гуфт, ки барои вай ман ҳамчун «Подшоҳ»-и донишмандони зинда боқӣ мемонам ва мехоҳад, ки ба ман пӯсти шерро тӯҳфа намояд. Маликшоҳ даст афшонд ва ба толор пӯсти шерро оварданд, ки дар ҳақиқат бо ҳунари воло тайёр карда шуда буд. Тамоми узвҳои ҳайвон нигоҳ дошта шуда буданд, ба ҷои чашм аз шиша чашми айнан монанд тайёр карда шуда, панҷаҳои тозаю озодаи аслӣ нигоҳ дошта шуда буд. Ин пӯст ба ман вохӯрии ману дӯстдоштаам Туркан дар лаби дарёи Амӯ ва ба назди мо омадани палангро ба хотир овард. Дар аввал хаёл кардам, ки ин ҳамон паланг аст ва боз андеша кардам, ки мабодо Туркан ба подшоҳ инро нафармуда бошад?

Аксар маврид, инсон вақте ки як корро ба анҷом мерасонад, гӯё дилашро холӣ карда бошад, фикри худро аз ҳама холӣ мекунад. Аммо барои ман дилам аз ғамгинӣ мекафид ва орзӯи асосии ман роҳи марказикунонии диққатро пайдо карда, ба олами Илоҳӣ баромадан буд, ки барои аксарият ғайриимкон аст.
Барои ин кунҷи танҳои зарур буд, ки баъдан ба ман муяссар гашта буд.....

пешина
аз 463
навбатӣ