Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳама ҳолатҳо, ҷорӣ кардани навовариҳои илмию техникӣ, ташкили илмгунҷоиши истеҳсолот.

  1. Қоидаҳои экологикунонии кишоварзӣ - инкишофи истеҳсолоти экологикунонидашуда, вобаста аз минтақабандии экологӣ ва экологигунҷоишӣ, баинобатгирии урфу одати таърихии зироаткории мардум, молиягузории мақсадноки истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тоза, ташкили минтақабандии экологӣ.

  2. Самаранокии молиягузории экологӣ - истеҳсоли маҳсулот ба ҳар як сомонии харҷшуда, паст гаштани ПДК, ПДВ ва дигар стандартҳои меъёрӣ, баланд гаштани сатҳи донишмандии экологии роҳбарон ва аҳолӣ, беҳтар шудани сатҳи саломатӣ ва некуаҳволии мардум.

  3. Сарвари доно аз нигоҳи хиради менеджмент - дар оила падар, дар ҷомеа подшоҳ, амир ё сардор, дар мактаб устод, дар корхона роҳбар аз боэҳриромтарин шахсони ҷамъияти тоҷиконанд.

  4. Консепсияи нави хиради менеджменти тоҷик - нигоҳи нав ба худ, оила, фарзанд, хешу табор, ҳамсоя, дӯсту рафиқ, ба илму дониш, табиату муҳит, касбу фаъолият, ба зебою зиштӣ, некию бадӣ, баландию пастӣ, сафедию сиёҳӣ, дӯстию душманӣ, сарватмандию қашшоқӣ, серию гуруснагӣ, ҳалолу ҳаром, сулҳу ҷанг ва ҳалимию дағалӣ.

  5. Мақсади волои тарбияи фарзанд - ташаккули ҷисмонӣ ва маънавии кӯдак, дониш ва соҳибҳунар гаштани фарзанд, сарватманд шудан ва ба касе мӯҳтоҷ нагаштан, соҳибэҳтиромӣ, дасттиру мададгори дигарон шудан, ба падару модар, халқу миллату ватан хизмат кардан.

  6. Баҳои фарзанд ба падар аз нигоҳи Луқмони Ҳаким - дар 5 - солагӣ: «падари ман аз ҳама доною пуркувват аст», дар 11 солагӣ: «падари ман қариб аксарияти чизҳоро медонад», дар 17 солагӣ: «ман ҳам мисли падарам бисёр чизҳоро медонам», дар 23 солагӣ: «агар росташро гӯям, падари ман ҳеҷ чизро намефаҳмад», дар 30 - солагӣ: «ба фикрам падарам ҳам каму беш мефаҳмад», дар 45 солагӣ: «хуб мебуд, ки баъзе масъалаҳоро бо падарам муҳокима мекардам», дар 55- солагӣ: «Падари ман ҳама чизро медонад», дар 63 - солагӣ «афсӯс, ки ба қадри падарам нарасидам, агар боз зинда гардад, ӯро дар болои чашмам мегардонам».

пешина
аз 463
навбатӣ