Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Вазираи волидайн дар тарбияи фарзанд аз нигоҳи Луқмони Ҳаким — ба фарзанд номи зебо гузоштан ва дояи солим интихоб кардан, интихоби муррабии хирадманд, тарбияи хуби ҷисмонӣ ва зеҳнии фарзанд, ташкили шароити муносиби таҳсил ва маълумоти пурраи касбӣ гирифтан ва соҳибҳунар гаштан, оиладор кардан.

  2. Вазифаи фарзанд дар назди падару модар аз нигоҳи Луқмони Ҳаким — падару модарро дӯст доштан, ба гуфтаи волидайн итоат кардан, дар сӯҳбат ва вохӯрӣ ба онҳо кушодарӯю ҳалим будан, хоҳиши онҳоро бечуну чаро иҷро кардан, доимо кӯшиши наранҷонидани волидайнро доштан, ба хурсандию ғами онҳо шарик будан, дар ҳеҷ ҳолат нагузорад, ки онҳо авоб кашанд.

  3. Моҳияти таълимоти динӣ дар тарбия — ҷустуҷӯи ҳақиқати ҳаёт ва фаҳмишу дарки мафҳумҳои ҷовидони оламу одам, некию накӯкорӣ, ҳалолу ҳаром, матонат, сабру тоқат, ранҷу меҳнат, зебой, покӣ, роҳи ҳақиқату бар Ҳақ расидан, рафтори неку ҳалими инсонӣ, бунёди оилаи солим, назари нек ба зиндагӣ ва ояндаи одамӣ.

  4. Имконотҳои таълимоти динӣ барои роҳбари хирадманд — васеъшавии ҷаҳонбинии роҳбарӣ, дарки қувваи бузурги инкишоф, шинос гардидани мӯъҷизаҳо ва кашфиётҳои бузурги Илоҳӣ аз китоби муқаддаси ҚУРЪОН, аз наздик шинос шудан ба дину оину расму русуми миллӣ, аз ганҷинаи бои хештаншиносӣ огоҳӣ ёфтан.

  5. Тасвири илм ва эҷод аз нигоҳи хиради менеҷмент — илм моли умум аст, натиҷаи онро бояд тамоми халқи дунё истифода намоянд, инкишоф ва ташаккул дода, барои насли оянда ганҷинаи нави бебаҳо боқӣ гузоранд.

  6. Роҳҳои ноил гаштан ба хушбахтӣ — нигоҳ доштани мувозинати дурусти инкишофи узвҳои бадан, муносибати шуур, ақл, тафаккур, ирода, эҳсосот, ҳиссиёт, тасаввур, ҷисму рӯҳ, муносибати дӯстона ба падару модар, зану фарзанд, дӯсту бародар ва ҷомеа, муносибати хуб ба табиат, муносибат ба тағйирёбиҳо, муносибат ба олами малакутӣ.

  7. Равандҳои асосии ташаккули сарварӣ — ташаккули хислати қабули ҳодисаҳо ва муҳити сарварӣ, ташаккули худидоракунӣ, ташаккули диққат

пешина
аз 463
навбатӣ