Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
камсухан ва ширинсухан, ҳамнишасти пирому олимону донишмандон будан, доимо дар талоши манфиати ҷамъият будан, ишқи баланди илоҳӣ доштан.
-
Дӯстдорӣ ва ҳасадхӯрӣ — дар як дил ҷой дошта наметавонад. Дар ҳадиси пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфта мешавад: Худованд ашхосеро, ки шабу рӯз тоату ибодат мекунанд, аммо дар дил ҳасадхӯриро ҷой медиҳанд, аз сояи худ дур месозанд.
-
Хештаншиносии Луқмони Ҳаким — шахси зердасти Луқмон, ки зиёда аз 10 сол бо ӯ фаъолият кардааст, мегӯяд: дар ин муддат, ман ягон маротиба асабонӣ шудани Луқмонро надидаам, кадом кореро иҷро намекардам, маротибае напурсидааст, ки барои чӣ ин тавр кардӣ? Ва ӯ «Беҳтараш ин хел мекардӣ» гуфта ба ман амр накардааст.
-
Сабру тоқат ва ҳаллимию накукорӣ ба зердастон — раванди дигари расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ буда, сифати бузург мебошад, ки садҳо маротиба самаранокии сарвариро баланд бардошта, доимо роҳбарро дар роҳи дуруст нигоҳ медорад.
-
Форс Абу Наср оиди хештаншиносии Умари Хайём — Эй шамоли Шарқ, агар ту шартномаи моро риоя намой, ҷаҳониёнро аз донишмантарин ал — Хайём хабар деҳ, таъзим кунонда дар пеши пои ӯ Заминро бибӯс ва онҳоеро, ки хирадмандиро мепарастанд, даъват намо. Вай хирадмандест, ки бо оби зинда устухони пӯсидаро зинда мегардонад. Ӯ аз фалсафаи зиндагӣ ва ӯҳдадориҳои мо дар назди Парвардигор меомӯзад, ки дар натиҷа тадқиқоташ дигар ба саволи иловагӣ зарурат надорад.
-
Ҷараёни пайдоиши хештаншиносии роҳбарӣ — пайдо кардани қобилияте, ки тамоми диққатро ба як нуқтаи асосии касбӣ равона сохта, нуқтаи нозуки илмию эҷодиеро ба даст меоред, ки барои фаъолияти роҳбарии Шумо ва атрофиёнатон идеали асосӣ мегардад.
-
Нигоҳи Луқмони Ҳаким ба роҳбари хештаншинос — дили роҳбари хештаншинос бояд монанди дарёи кӯҳӣ пуртуғён ва оби пурпечутоб зулоли дармонбахш буда, забону даҳонаш бояд мисли дарвозаи бастаи қасрҳо бошад, ки хеле мустаҳкаму дорои посбонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор