Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

инкишофи мамлакат. Тасдиқи мавҷудияти маданияти баланди миллӣ ҳамчун омили асосии таъмини ягонагӣ ва дӯстии халқҳо. Ташвиқот ва дастгирии маданият ва қоидаҳои маданӣ ҳамчун механизми асосии пайвасти гузашта ва ҳозираи инкишофи ҷомеа, дастгирии бевоситаи урфу одат ва анъанаю маросимҳои миллӣ.

  1. Механизми ташаккули маданияти иҷтимоӣ дар мамолики тараққикардаи дунё — баҳисобгирӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихии маданиятшиносӣ ва ҷорӣ намудани талаботҳои ҳавасмандкунии омӯзиш ва дар ба амал татбиқи ин ганҷинаи бои таърихӣ барои ҳаёти ҷомеаи имрӯза, амалигардонии демократикунонии маданият, таъмини иштироки бевоситаи тамоми аҳолӣ барои ташаккули ҳаёти мадании ҷомеаи имрӯза дар мамлакат ва берун аз он. Таъмини фаъолнокии эҷодии аҳолӣ, дастгирии баланди санъат, интегратсияи илм ба маданияти миллӣ, барҳам додани бесаводии маданӣ, омӯзиши таъсири илму техника ба инкишофи ҳаёти мадании ҷомеа.

  2. Ақидаи Конфутсий оиди хештаншиносӣ — дар 15-солагӣ ҳаракат ба хондан доштани худро ҳис кардам, дар 30-солагӣ худро нишон додам, дар 40-солагӣ аз нобоварӣ халос шудам, дар 50-солагӣ қувваи илоҳиро дарк кардам, дар 60-солагӣ онро шунидам, дар 70-солагӣ мувофиқи хоҳиши дил амал кардам, ки ҳеҷ гоҳ аз қоида берун намебарояд.

  3. Моҳияти диншиносии роҳбар — бояд гуфт, ки дар роҳбарӣ аксар маврид аз надонистани мазмуни фалсафии ин ё он раванди таълимоти динӣ роҳгум зада, хатоҳои беосеро зоҳир менамоем, ки ба фаъолияти роҳбарӣ ва ҷаҳонбинию расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ зарари калон мерасонанд ва ё монеа мешаванд. Бинобар ин, мо бояд донем, ки дин чист ва кадом арзишҳо ва меъёрҳои хубро мо метавонем аз он истифода бубарем, то ба ҳадафҳои волои роҳбарӣ бирасем.

  4. Меъёрҳо ва арзишҳои динӣ — агар мо аз нигоҳи илмӣ назар афканем, тамоми динҳои дунё дар асоси меъёрҳо ва арзишҳои комплексии донишу донишмандӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Пас, барои мо ҳамчун роҳбар омӯхтан ва аз худ кардани дин, ҳамчун илм ва рафтору низоми роҳбарӣ аз манфиат холӣ намебошад. Ҷомеашиносон ва диншиносон ба хулосае

пешина
аз 463
навбатӣ