Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

омадаанд, ки дин ҳамчун системи коллективии рӯҳию тасаввурии муттаҳидсозии ҷомеа ва ташкили муносибатҳои олии байни шахсони алоҳида ва ҷомеа хизмат мерасонад.

  1. Моҳияти таърихии дин дар ташаккули менеҷмент ва хештаншиносӣ — ҳаёти маънавии ҷомеаро ғани гардонида, маҳдудияти синфӣ, этникӣ, нажодию миллиро аз байн бурда, ягонагии одамон ва ҷамъият ва шакли умумии маданияти менеҷменти муосирро таъмин месозад.

  2. Талаботи ислом оид ба хештаншиносӣ — мусулмони ҳақиқӣ замоне ба зинаи муайяни маънавӣ мерасад, ки аз одамони оддӣ куллан фарқ мекунад. Донишмандӣ хислати бузурги Худованд буда, ӯ ҳама чизро медонад ва мебинаду мешунавад. Пас, корманд, роҳбар худро бояд дӯсти Худо шуморад ва барои ба даст овардани дониш пайваста кӯшиш намояд.

  3. Панҷ талаботи хештаншиносии мусулмон — Худои яккаву ягона ва пайғамбари ӯ Муҳаммад (с) — ро шинохтан, панҷ вақт намоз гузоштан, закоти мол додан, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон доштан ва зиёрати хонаи Худоро ба ҷо овардан.

  4. Равандҳои концептуалии арзишҳои хештаншиносӣ дар ислом — боварии қавӣ доштан ба Худованди ягона, фақат тавассути ақл кулбаи торики худро равшан сохтан, дар зиндагонии дунявӣ бо некӣ кардан ба ҷамъият барои он дунёи хеш замина фароҳам овардан, риояи қонунҳои шариат дар ҳама ҳолатҳо ва мавзеъҳо, меҳнати ҳалол карда, саривақт закоти мол додан, ташкили ҷомеаи намозгузорон ва саҷда овардан, инкишофи маънавии ислом, оила ва фарзандорӣ, адолат ва системи иқтисодии ислом.

  5. Назарияи илмии ислом оид ба роҳбарӣ — магар Шумо намебинед, ки Худованд ҳафт қабати Замину Осмонро дар мувофиқа бо ҳам офаридааст. (71:15). Вай барои ҳама низом ва меъёрро муайян сохтааст (25:2).

  6. Шахсияти мусулмон — онҳо аз ҷумлаи одамонеанд, ки кина дар дил надоранд ва одамонро мебахшанд. (3:134.)

  7. Дар сураи Луқмон таъкид карда мешавад — мо инсонро ҳидоят ба он дорем, ки ба падару модар меҳрубон бошанд. Модар ӯро дар батни худ

пешина
аз 463
навбатӣ