Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
хештаншинос ба зинаи инкишофе расад, ки одамонро бо як нигоҳ шинохта тавонад ва қонунияти баланди «Инъикоси оннавӣ»-ро дар худ таҷАССУМ намояд.
Дарки ақлонии талаботи илоҳии рафтори инсонӣ ва қонуниятҳои табиӣ, имкони танзими олии ҳокимият ва ҳукмрониро пайдо месозад. Пас, барои таъмини ин мақсади олии менеҷмент нишонагирӣ ба инкишофи ақлонии роҳбарон — мутахассисони оянда, моҳияти калон дошта, чунин таълимот дар мактабҳои махсуси роҳбарӣ, донишгоҳу донишкадаҳои касбии олии мамлакат мақоми арзандаро соҳиб гардад ва вобаста ба талаботи замон ихтисосҳои нав ва мавзӯъҳои нави илмиро давлат ва менеҷменти корхонаҳо молиягузорӣ намоянд.
Дар ин нуқта мақсади давлат ба мақсади менеҷмент якҷоя мегардад ва ин талабот роҳбарони ҳукуматӣ ва соҳибкоронро водор месозад, ки бевосита инкишофи хештаншиносии роҳбариро дар ҳама зинаҳои роҳбарӣ ва менеҷменти корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ҳаматарафа дастгирӣ намоянд ва худашон намунаи ибрати навоварӣ ва эҷодкориҳои бузурги технологию истеҳсолӣ гарданд.
Имрӯз, дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ суръати баланди инкишофро комёб гаштаанд, барои сарварии корхонаҳо ва ташаккули рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат шахсияте зарур мебошад, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аз панҷ қобилияти баланди хештаншиносӣ огоҳ бошад, яъне қобилияти фикрронӣ, сухангӯӣ, шунавоӣ, биниш ва дарккуниро дошта бошад. Фақат нишонагирии ин қобилиятҳо ба навоварӣ метавонад рушди босуботро таъмин созад.
Пас, давлат, корхонаҳо, ҷомеа барои тарбия ва дастгирии ҳаматарафаи чунин шахсиятҳо - роҳбарон бояд пурра ҳавасманд буда, новобаста аз вазъият ва ҳолат истеъдодҳо, ҳунармандон ва олимони донишмандонро дастгирии ҳаматарафа намуда, барои таъмини рушди босуботи менеҷменти муосир ва умуман, ҳокимиятдорӣ замина фароҳам оранд. Ин ягона роҳи дохилшавии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ дар шароити глобализатсияи амиқи иқтисодӣ мебошад.
Қобилияти касбӣ дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосии таъмини некӯаҳволии мардум ҳисобида мешуд ва мебошад. Дар асл, маънои қобилияти табиӣ доштани одам, маънои умумӣ будани қобилиятро дошта, шахси ҳунарманд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор