Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

на танҳо азони худ, балки аъзои тамоми мардум аст. Аз тарафи дигар, ин ганҷинаи бебаҳои давлату миллат буда, инкишофро таъмин месозад.

Мафҳуми дигари қобилият, сарфакорӣ ва ё худ низом аст, яъне агар қобилият табиӣ бошад, пас ин шахс дорои низоми олии табиии истифодаи захираҳо буда, ҳаракатҳои бонизоми табииро дар қалбаш дарк мекунад. Худи системаи менеджмент, ин низом аст. Шахсе, ки соҳиби низоми баланди табиӣ мебошад, метавонад бо истифода аз он дар фаъолияти роҳбарии хеш корхонаи солимро тавлид созад ва мавқеи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Меҳнатро ҳамчун роҳи амалигардонии қобилият шинохта, ҳар як соҳибкасб бояд чунон меҳнат карданро аз худ намояд, ки дар он инъикоси қобилияти ҳунармандии ӯ бо тамоми нозукии касбнаш баръало намоён бошад. Дар натиҷа, мо як низоми муайяни ташкили меҳнат, яъне маданияти баланди меҳнатиро соҳиб гашта, худро ба роҳи хештаншиносӣ ва рушди босуботи роҳбарӣ наздик месозем, ки равандҳои алоҳидаи ин тадқиқотро Шумо аз китобҳои мо пайдо хоҳед кард.

Хонандаи азиз! Банда ҳамчун як узви ҷомеаи башарӣ кӯшиш ба харҷ додам, ки дар панҷ китоби таълимию тарбиявии худ, то андозае, ки Худованди пок ба ман қувват бахшиданд, бо истифода аз сарчашмаҳои ақлонии халқу миллатҳои аксари мамолики дунё, аз асарҳои донишмандони таърихӣ ва осори бебаҳои онҳо, фаҳмишҳои замонавии ҳунару ҳунармандию, гуфторҳо ва корнамоиҳои мардони хештаншинос ва сарварони бузурги таърихии миллати тоҷик, инчунин оид ба илми менеджмент, шаклҳои ташкили роҳбарӣ ва намудҳои он дар менеджменти муосири давлатҳои пешқадами дунё, санъату хиради роҳбарӣ ва роҳҳои расидан ба зинаи олии сарварӣ — хештаншиносӣ мисолҳо ва намунаҳои бисёре оварда, бароятон бо забони модарии тоҷикӣ пешкаш намоям.

Албатта, ин фаҳмиши як фарди оддӣ мебошад ва эҳтимол дорад, ки оиди баъзе ақидаҳои мо норози бошед. Аз ин хотир, мо таъкид менамоем, ки дар ҳақиқат оламу одам дар ҳаракат ва инкишоф буда, ҳар як давру замон боз қувваҳою донишҳои навро ба майдон меорад ва мову Шумо якҷоя нуқсону камбудиҳоро ислоҳ намуда, барои инсоният хизмати софдилона карданамонро шарти олӣ ва қарзи муҳими инсонӣ мешуморем.

Тадқиқоти мо боз давом дорад ва барои ҳамкорию дастгириатон дар ин кори хайр доимо тайёр ҳастем ва қаблан арзи сипос менамоем.

пешина
аз 463